ДАР КИТОБХОНАИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН ДАВРИ НИҲОИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» ШУРӮЪ ГАРДИД 2-юми декабри соли ҷорӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” шурӯъ гардид, ки дар маросими ифтитоҳии он муовини Сарвазири мамлакат Сатториён Матлубахон Амонзода, роҳбарият ва намояндагони вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, кумитаҳои телевизион ва радио, ҷавонон ва варзиш, Академияи миллии илмҳо, Иттифоқи нависандагон, Китобхонаи ...
Вохӯрии Муҳаммадюсуф Имомзода бо Муҳаммадтақӣ Собирӣ 1-уми декабри соли равон дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири маориф ва илм Муҳаммадюсуф Имомзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтақӣ Собирӣ баргузор гардид, ки дар он ҷонибҳо вобаста ба ҳамкориҳои дуҷониба мубодилаи афкор намуданд. Нахуст, Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ...
БАЙНИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҲУКУМАТИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ ДАР СОҲАИ МАОРИФ ВА ИЛМ ДУ СОЗИШНОМА БА ИМЗО РАСИД 30-юми ноябри соли ҷорӣ дар толори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ, муовини Сарвазири Федаратсияи Россия Оверчук Алексей Логвинович, муовини якуми вазири маорифи Федератсияи Россия Бугаев Александр Вячеславович, намояндагони Ҳукумати Федаратсияи Россия, Шӯрои федератсия, Вазорати маорифи Федератсияи Россия, Вазорати ...
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД Раёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдак: - сардори раёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдак – 1 ҷой (категорияи 1), маоши мансабӣ – 2746,60 сомонӣ; - муовини сардори раёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдак – 1 ҷой (категорияи 2), маоши мансабӣ – 2256,80 сомонӣ; - сармутахассиси раёсати ...
АЗ 2 ТО 15 ДЕКАБР ДАВРИ НИҲОИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» БАРГУЗОР МЕГАРДАД Рӯзҳои 2-15-уми декабри соли ҷорӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯѓи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор мегардад. Тибқи ҷадвали баргузории озмун рӯзҳои 2-5-уми декабр хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ, 6-7-уми декабр донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, 7-уми декабр аспирантону докторантон ва ходимони илмӣ ...