Вохӯрии Муҳаммадюсуф Имомзода бо Муҳаммадтақӣ Собирӣ

01-12-2021
1-уми декабри соли равон дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири маориф ва илм Муҳаммадюсуф Имомзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтақӣ Собирӣ баргузор гардид, ки дар он ҷонибҳо вобаста ба ҳамкориҳои дуҷониба мубодилаи афкор намуданд. 
Нахуст, Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтақӣ Собирӣ доир ба масъалаи дифоъи рисолаҳои номзадии шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Эрон дар муассисаҳои касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷудо намудани бурсияҳои таҳсилӣ барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Эрон дар макотиби олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тавсеа бахшидани курсҳои забон ва адабиёти форсӣ, ҷоннок намудани ҳамкориҳо дар пояи паркҳои технологии наздидонишгоҳӣ ва наздиакадемикӣ, гузаронидани семинарҳои илмӣ ва фарҳангии муштарак дар Теҳрон ва Душанбе, мусоидат намудан дар чопи китобҳои дарсӣ ва баргузории олимпиадаи варзишӣ байни донишҷӯён ва донишандӯзони муассисаҳои олии ҳардуҷониб ибрози назар намуд. 
Вазири маориф ва илм Муҳаммадюсуф Имомзода бо изҳори қаноатмандӣ таъкид дошт, ки дар доираи ҳамкориҳои ҷойдошта вобаста ба татбиқи пешниҳодҳои ироашуда чораҳои зарурӣ андешида мешавад.
Ҳамчунин, таъкид гардид, ки моҳи декабри соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон намоишгоҳи илму фановарӣ баргузор мегардад ва намояндагони Вазорати маориф ва илм ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд дар он иштирок намоянд. 
Бахтовар САФАРОВ