МУОВИНОНИ ВАЗИР

 ҶӮРАЗОДА ҶАМШЕД ҲАБИБУЛЛО
МУОВИНИ ЯКУМИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
15 июни соли 1971 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, тоҷик, маълумоташ олӣ, доктори илмҳои таърих.
ФАЪОЛИЯТИ МЕҲНАТӢ:
Солҳои 1989-1993-донишҷӯйи Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М. Киров (ҳоло Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров);
Солҳои 1993-1995-ассистенти кафедраи таърих ва этнографияи халқи тоҷики ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров;
Солҳои 1995-1998-аспиранти шуъбаи рӯзонаи аспирантураи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров;
Солҳои 1997-2000-ассистенти кафедраи фанҳои ҷамъиятии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон;
Солҳои 2000-2003-мудири шуъбаи корҳои иҷтимоӣ-маданӣ, алоқа бо ташкилотҳои ҷамъиятию сиёсӣ ва робитаҳои байналмилалии ҳукумати шаҳри Хуҷанд;
Солҳои 2003-2005-муовини мудири шуъбаи масоили иҷтимоӣ-фарҳангӣ, робита бо созмонҳои ҷамъиятию сиёсӣ ва муносибатҳои байнимиллии ҳукумати вилояти Суғд;
Солҳои 2005-2006-декани факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон;  
Солҳои 2006-2009-ноиби ректор оид ба тарбияи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон;  
Солҳои 2009-2012-декани факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон;    
Солҳои 2012-2017-ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон;    
Солҳои 2017-2022-ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров;
Аз 21 феврали соли 2022 то ҳол-муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Оиладор, соҳиби 2 фарзанд.



АБДУЛХОЛИҚЗОДА ЛУТФИЯ АБДУЛХОЛИҚ
МУОВИНИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
5 декабри соли 1971 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, тоҷик, маълумоташ олӣ, доктори илмҳои педагогӣ.
ФАЪОЛИЯТИ МЕҲНАТӢ:
Солҳои 1988-1993-донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ.Ҷӯраев;
Солҳои 1993-2002-муаллими забони русӣ дар Коллеҷи муҳандисӣ-омӯзгории шаҳри Душанбе;
Солҳои 2002-2009-муаллими калони кафедраи забонҳо ва раиси Шӯрои кураторони Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон;
Солҳои 2009-2010-муовини мудири кафедраи забонҳои Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон;
Солҳои 2010-2012-муовини ректор оид ба тарбия ва алоқа бо ҷомеаи Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон;
Солҳои 2012-2015-муовини ректор оид ба корҳои тарбиявии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон;
Солҳои 2015-2019-ректори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Солҳои 2019-2020-сардори раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Солҳои 2020-2022-вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Аз 21 феврали соли 2022 то ҳоло-муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Оиладор, соҳиби 3 фарзанд.
 
 
 


АБДУЛЗОДА ЗИЁДУЛЛО НАЗАР
МУОВИНИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
2 ноябри соли 1971 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, тоҷик, маълумоташ олӣ.
 
ФАЪОЛИЯТИ МЕҲНАТӢ:
Солҳои 1989-1990-сарважатии мактаби миёнаи умумии №48-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе;
Солҳои 1990-1991-челонгари ширкати “Дизел”-и шаҳри Душанбе;
Солҳои 1991-1994-корманди ширкати “Силсила”-и шаҳри Душанбе;
Солҳои 1994-1995-муовини директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе;
Солҳои 1995-2010-директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе;
Солҳои 2010-2014-директори гимназияи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе;
Соли 2014-2017-директори мактаб-интернати №1 барои кӯдакони ятими шаҳри Душанбе;
Солҳои 2017-2021- директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35-и ноњияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе;
Солҳои 2021-2022-директори литсейи №1-и шаҳри Душанбе;
Аз 11 апрели соли 2022 то ҳол-муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.




САФАРЗОДА ДИЛШОД ҒАНӢ
МУОВИНИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
1 октябри соли 1979 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, тоҷик, маълумоташ олӣ.
 
ФАЪОЛИЯТИ МЕҲНАТӢ:
Солҳои 2004-2005-Ёрдамчии устои (мастер) ҶДММ «Қизил-Мазор»-и ноҳияи Темурмалик
Солҳои 2005-2006-Устои (мастер) ҶДММ «Қизил-Мазор»-и ноњияи Темурмалик
Солҳои 2006-2008-Сармуҳандиси ҶДММ «Комрон»-и ноҳияи  Темурмалик
Солҳои 2008-2008-Сармуҳандиси ҶДММ «Манораи Баланд»-и ноҳияи  Темурмалик
Солҳои 2008-2012-Сармутахассиси шуъбаи техникї-истењсолии раёсати сохтмони асосии назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2012-2014-Муовини сардори раёсати сохтмони асосии назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2014-2020-Муовини сардори раёсати сохтмони асосии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2020-2023-Сардори раёсати сохтмони асосии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аз 26 июни соли 2023 то ҳол-Муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 
 Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.