ЛОИҲАИ USAID “ҲАМРОҲ БИХОНЕМ”

Лоиҳаи USAID «Ҳамроҳ бихонем» кӯшишҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои ислоҳоти соҳаи маориф, ки дар Стратегияи миллии рушди маориф (2012-2020) ва Стратегияи миёнамӯҳлати рушд (2016-2020) қайд карда шудаанд, дастгирӣ менамояд.
 
 
 
Ҳадафи Лоиҳа:
Мақсади асосии Лоиҳаи USAID «Ҳамроҳ бихонем» беҳтар намудани натиҷаҳои хониши хонандагони синфҳои ибтидоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мактабҳои зерҳадафи лоиҳа аст. Лоиҳаи панҷсола дар самти зиёд намудани дастрасӣ ба маводи босифати хониш, такмили ихтисоси омӯзгорон оид ба таълими хониш, муаррифии усулҳои арзёбӣ барои такмили малакаҳои хониш, ҷорӣ намудани навовариҳо ва рушди ҳамкориҳо барои дастгирии дастовардҳои таълимии хониш ва рушди дастгирии ҳукумат дар инкишофи хониш фаъолият менамояд.
 
Дар давоми татбиқ, Лоиҳаи USAID «Ҳамроҳ бихонем» бо 75%-и муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорон ва хонандагони онҳо дар вилояти Хатлон, Суғд, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи Ҷумҳурӣ кор мебарад. Лоиҳа, инчунин фаъолияти хониши беруназсинфиро тариқи ҷалб намудани оила, ҷомеа ва бахши хусусӣ дастгирӣ менамояд. Дар тамоми фаъолияти худ лоиҳа усулҳои баробарии гендерӣ ва таълими фарогир (инклюзивӣ), аз ҷумла усулҳоеро, ки ба кӯдакони имконияташон маҳдуд нигаронида шудаанд, мавриди истифода қарор медиҳад.
 
 
 
Шарҳи бахшҳои лоиҳа:
Лоиҳаи USAID «Ҳамроҳ бихонем» барои беҳтар намудани натиҷаҳои хониши хонандагони синфҳои 1-4 маводи босифати хониши ба синну сол ва фарҳанг мувофиқро таҳия ва таъмин менамояд, усулҳои таълими хонишро такмил медиҳад, навовариҳои таҷрибавиро таҳия ва ҷалби бахши хусусиро ҷиҳати таҳким бахшидани иқдомҳои Вазорати маориф ва илм дар самти ислоҳот ва рушди малакаҳои хониш роҳандозӣ менамояд.  
 
1. Зиёд намудани дастрасӣ ба маводи хониш
Рушди маҳорати хониши кӯдакон бе дастрасӣ ба миқдори зарурии маводи хониш имконнопазир аст. Мақсади асосии ин бахши Лоиҳа, таъмин намудани маводи хониши хушсифат ва мувофиқ ба синну соли кӯдакон мебошад. Барои ба ин ҳадаф ноил гаштан, Лоиҳа китобҳои бачагонаро, ки айни замон дар бозори китоб мавҷуданд, харидорӣ намуда, ҳамчунин бо истифода аз муаллифон, рассомон ва ороишгарон маводи нави хонишро таҳия ва ба ин восита теъдоди китобҳои хонишро барои хонандагони синфҳои 1-4  барои мутолиа дар синф ва хона зиёд менамояд. Дар давоми фаъолияти Лоиҳа барои панҷ гурӯҳи муассисаҳои таълимӣ китобҳои бадеӣ харидорӣ карда мешавад. Кор бо муаллифон, рассомон ва ороишгарон имкон медиҳад, ки маводи бештари мувофиқ ба синну соли кӯдакон баъди анҷоми Лоиҳа низ таҳия ва дастрас гарданд. 
 
Самтҳои фаъолияти бахш:
- Харидории маводи хониши босифат ва мувофиқ ба синну соли хонандагон ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, ки ҷавобгӯи стандартҳои хониш мебошанд.
- Такмили маҳорати касбии муаллифон ва рассомони маҳаллӣ барои таҳия намудани маводи хониш ба забони модарӣ.
- Таҳияи маводи хониши босифат ва ба синну сол мутобиқ ба забони модарӣ.
 
2.Такмили методикаи таълими хониш дар синфҳои 1-4
Фаъолиятҳо дар доираи ин бахш барои таҳияи маводи омӯзишӣ равона шудааст, ки онҳо барои беҳтар намудани малакаҳои хониш дар синф ва берун аз муассисаи таълимӣ (аз ҷумла, тавсияҳо барои падару модарон оид ба дастгирии кӯдакон бо мақсади мутолиаи китоб дар хона) ва дастурҳои омузишӣ барои омӯзгорон, кормандони китобхонаҳо ва директорони муассисаҳои таълимӣ мусоидат менамоянд. Ғайр аз ин, дар ин боб арзёбии сатҳи миллӣ баррасӣ мегардад, ки онҳо барои пайгирии пешрафт дар умум ва аз ҷумла, мониторинги таълим дар синф анҷом дода мешавад.
 
Самтҳои фаъолияти бахш:
- Таҳияи маҷмӯи мавод барои омӯзгорон оид ба стратегияҳои таълими хониш дар синфҳои ибтидоӣ.
- Доир намудани курсҳои такмили ихтисоси омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ, директорон ва китобдорони муассисаҳои таълимӣ,  омӯзгорони муассисаҳои олии касбӣ дар риштаи омӯзгорӣ ва дигар кормандони соҳаи маориф оид ба стратегияҳои хониш.  
- Ворид намудани маводи иловагӣ ба таълим.
- Татбиқи арзёбиҳо барои  пайгирии пешрафти хониш бо гузашти вақт.
- Гузаронидани фаъолиятҳо оид ба хониши беруназсинфӣ ва оилавӣ.
 
3. Тақвияти ҳамкорӣ ва татбиқи инноватсияҳо барои беҳтар намудани натиҷаҳои таълим
Дар доираи лоиҳа равишҳои инноватсионӣ бо мақсади дастгирии фаъолиятҳо барои баланд бардоштани самаранокии рушди малакаҳои хониши хонандагони синфҳои ибтидоӣ муайян мешавад. Инноватсия метавонанд имкониятҳо барои истифодаи технологияҳои таълимиро бештар намоянд ва ё истифодаи арзонтари  захираҳо, аз ҷумла истифодаи дурусти мавод ва равишҳои инноватсиониро барои такмил додани маводи хониш ҷорӣ намоянд. Ҳамкорӣ бо шарикони рушд, ки ҳадафи он ноил шудан ва ҳифз намудани мақсадҳои умумӣ, инчунин таъмини устувории барнома, ҷалби захираҳои иловагӣ барои ба даст овардани натиҷаҳои хуб мебошад.
Самтҳои фаъолияти бахш:
- Таҳияи усулҳои инноватсионӣ барои дастгирии усулҳои таълими хониш. 
- Рушди ҳамкорӣ барои тақвияти натиҷаҳои таълими хонандагон, дастрасии бештар ба маводи хониш ва беҳтар намудани муҳити таълимии хониш
 
4. Тақвияти  дастгирии давлат дар самти рушди хониш
Лоиҳа бо Вазорати маориф ва илм ва зерсохторҳои он ва инчунин бо Маркази миллии тестӣ барои расонидани кумаки техникӣ бо мақсади такмил додани усулҳои таълим ва омӯзиш дар синфҳои ибтидоӣ ва барои таъмини устувории ташаббусҳои муштарак ҳамкорӣ хоҳад кард.  
Самтҳои фаъолияти бахш:
- Рушди муколама дар масъалаҳои мавҷудаи такмили малакаҳои хониш.
- Рушди малакаҳои касбии кормандони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерсохторҳои он дар самти таълими хониш.
- Таҳкими низом оид ба кумаки методии омӯзгорон дар таълими хониш.
 
Натиҷаҳои назаррас – то охири моҳи майи соли 2019:
- Маводи омӯзишӣ барои директорон, китобдорон ва омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ гурӯҳи забони тоҷикӣ ва русӣ мутобиқ ба низоми таълим муносибати босалоҳият дар муассисаҳои таълимии таҳия гардид.
- 141 509 китобҳои бадеии ба синну соли хонандагони синфҳои ибтидоӣ мувофиқ бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ба 1 024 муассисаи таълимии лоиҳавӣ ва 9 мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ тақдим карда шуданд, ки барои тақвияти  хониши босалоҳият мусоидат мекунанд. 
- Бо мақсади дастгирии фаъолияти беруназмактабӣ ва мусоидат ба фарҳанги хониш дар ҷомеа, 7 200 адад китоб дар 28 истироҳатгоҳи тобистона тақдим карда шуданд.
- Лоиҳа ба 4 902 омӯзгори синфҳои ибтидоӣ курсҳои такмили ихтисос гузаронда, дониш ва малакаи онҳоро оид ба усулҳои муосири таълим доир ба хониш такмил дод.
- 954 нафар директорон ва 1 075 нафар китобдорони муассисаҳои таълимӣ ба омӯзиш фаро гирифта шуданд, ки онҳо ба омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ барои тақвияти малакаҳои хониши хонандагони синфҳои ибтидоӣ ва фаъолияти босамари китобхонаҳо мусоидат намуда, ба ин васила падару модаронро бештар ба раванди таълиму тарбия ҷалб мекунанд ва натиҷаҳои хониши хонандагонро беҳтар месозанд.
- Моҳи апрели соли 2018 арзёбии хониши хонандагони синфҳои ибтидоӣ (АХСИ) гузаронида шуд. Натиҷаҳои он моҳи сентябри соли 2018 ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.
- Дастур барои роҳбаладон (менторон) таҳия карда шуда, аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон   тасдиқ гардид.
- Дар моҳи декабр барои ба роҳ мондани роҳбаладӣ ва дастгирии методи омӯзгорон 37 тренери сатҳи миллӣ (27 нафар барои синфҳои тоҷикӣ ва 10 нафар  барои синфҳои русӣ) ва 147 тренери сатҳи минтақавӣ аз байни кормандони зерсохторҳои ВМИ ҶТ ва раёсату шуъбаҳои маориф аз омӯзиш гузаштанд, ки дар моҳи январи соли 2019 барои омода кардани зиёда аз 1 700 роҳбаладони сатҳи мактабӣ (ҷонишинони директор ва роҳбарони синфҳои ибтидоӣ) сафарбар карда мешаванд.
- Дар мувофиқа ва дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 филми кӯтоҳмуддат оид ба аҳамияти хониш бо кӯдак дар оила омода ва барои  пахши телевизионӣ пешниҳод  гардиданд.
- Омӯзишҳо барои расонидани ёрии методӣ ба омӯзгорони синфҳои ибидоӣ ташкил ва баргузор карда шуд.
- Барои 302 корманди шӯъбаҳои маорифи вилояти Хатлон, Суғд, ВМКБ, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ семинари якрӯза оид ба ҳадафу вазифаҳои лоиҳа ва натиҷаҳои бадастомада баргузор гардид. 
- Барои 1949 роҳбаладони сатҳи мактабӣ омӯзишҳо баргузор гардиданд. 
- Бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерсохторҳои он  ва шарикони рушд (Бонки Ҷаҳонӣ, UNICEF, Иттиҳоди Аврупо ва Фонди Оғо Хон) ҷиҳати тақвияти ислоҳот дар низоми таҳсилоти ибтидоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамкориҳои судманд ба роҳ монда шуданд.

Маълумот барои тамос:
Лоиҳаи USAID “Ҳамроҳ бихонем”
шаҳри Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
кӯчаи Айнӣ 48, бинои ”Созидание”, ошёнаи 4
Т: +992433777444
E: info@readwithmetj.com