Маркази таълимии занон «Сарвар»

МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ ЗАНОН «САРВАР»
 
Муассисаи давлатии Маркази таълимии занон "Сарвар"-и назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд- Маркази таълимӣ) мақоми ҷумҳуриявӣ дошта, шомили сохтори Вазорати маориф ва илми   Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Муассисаи давлатии Маркази таълимии занон «Сарвар» барои духтарони тибқи квотаи Президентӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ дохилгардида ва болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи лоиҳаи «Маркази таълимӣ», ки байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Намояндагии Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 июни соли 2001 ба имзо расидааст, ташкил шудааст.
Мақсадҳои асосӣ ва роҳҳои амалигардонии фаъолияти Маркази таълимӣ аз инҳо иборат мебошад:
- дарёфт, интихоб ва рушди духтарони лаёқатманд ва боистеъдод;
- тавассути гирифтани таҳсилоти иловагӣ фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати қонеъ гардонидани талаботи донишҷуён барои гирифтани донишҳои назариявӣ ва амалӣ барои рушди малакаҳои роҳбарӣ, хусусиятҳои сарварӣ;
- ҷалб намудани духтарони боистеъдоду болаёқат барои аз худ кардани дастовардҳои навтарини илму техника.
Вазифаҳои асосии Маркази таълимӣ аз инҳо иборатанд:
-муҳайё сохтани шароити мусоид  ҷиҳати  гирифтани таҳсилоти иловагӣ оид ба инкишофи малакаҳои роҳбарӣ ва сарварӣ, омода намудани мутахассисони баландихтисос аз ҳисоби  духтарон барои вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ;
- мукаммал ва васеъ омӯхтани фанҳои алоҳида ҷиҳати минбаъд фаро гирифтани барномаҳои таълимии касбӣ;
- ташаккули тафаккури илмии духтарон;
-рушди қобилиятҳои роҳбарӣ ва сарварӣ;
-рушди қобилиятҳои ташкилотчигии духтарон;
-омода намудани шароити мусоид барои омӯзиши забонҳо ва фанҳои алоҳида;
- шинос намудани духтарон бо технологияи информатсионӣ ва коммуникатсионӣ;
- омода намудани духтарон дар чорабиниҳои илмӣ, фарҳангӣ;
- тарбия ва инкишоф додани сифатҳои сарварӣ, роҳбарони оянда барои соҳаҳои гуногуни истеҳсолот ва ҳаёти ҷамъиятӣ;
-ташаккули ҳамаҷонибаи донишҷуёни дорои қобилияти баланди зеҳнидошта;
-ошкор намудан ва инкишоф додани малакаи эҷодии духтарон;
-ташаккули ҷаҳонбинии донишҷуён дар асоси донишҳои амиқ ва илмӣ;
-ба роҳ мондани омӯзиши иловагӣ барои донишҷуёни дорои истеъдоди фавқулоддошта;
-ба роҳ мондани омӯзиши иловагӣ барои донишҷуён барои гирифтани донишҳои муосири сарварӣ ва техникӣ;
-ташаккули ҳисси муҳаббат ба Ватан, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ, арзишҳои умумибашарӣ, пос доштани расму ойин ва анъанаҳои миллӣ;
-тарбияи шахсияти дорои эҳсоси масъулияти баланди шаҳрвандӣ баҳри иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ;
- расонидани  хизматрасонии иловагии таҳсилот (пулакӣ) аз фанҳои табии-риёзӣ, ҷамъиятӣ гуманитарӣ, техникӣ, технологӣ ва  маҳфилҳои фарҳангию ҳунаромӯзӣ дар асоси шартномаи  тарафайн;
-ташкили курсҳои кутоҳмуддат, марказҳои забономӯзӣ, технологияи муосири иттилотӣ  ва фанҳои алоҳида бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши донишҷуён;
-ҷорӣ намудани таълими фардӣ ва мукаммал гардонидани донишу ҷаҳонбинии донишҷуён.

Роҳбар:Сабоҳат  Камолова
Муассисаи давлатии Маркази таълимии занон «Сарвар»
Суроға:шаҳри Душанбе, ноҳияи И. Сомонӣ, кучаи Рудаки 149.
Тел: 900007097
 Email:  sabokhat1970@mail.ru