МАРКАЗИ МАТБУОТӢ

Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 
Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди ёрирасон ваколатҳои зеринро ба уҳда дорад:
-таъмини сиёсати иттилоотию таҳлилии фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-инъикоси ҳамкории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷузъҳои сохтории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олӣ, вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти идоракунӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҷузъҳои сохтории Вазорат ва муассисаҳои тобеи он;
-омода намудани ҷаласаҳои ҳайати мушовара, маҷлисҳо ва дигар чорабиниҳое, ки вазир ва ҷонишинони ӯ мегузаронанд;
- тартиб додани сурат-маҷлисҳои вохӯрӣ, мушовара, ҷаласаҳои назди вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ, вохӯриҳо бо роҳбарияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори оммаи кишвар, радиову телвизион оид ба инъикоси масъалаҳои маориф;
-ташкили баромад ва мусоҳибаҳои кормандони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерсохторҳои он дар васоити ахбори омма, радио ва телевизион;
- ҳамкорӣ бо воситаи ахбори омма, ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ, тарғиботӣ, паҳн намудани ахбори дурусту дақиқ оид ба соҳаи  маориф;
-омода кардан ва таҳия ва ирсоли ҷавобу вокунишҳо ба баромаду мақолаҳо ва намоишу гуфторҳои танқидӣ, проблемавии воситаҳои ахбори омма, радио ва телевизион; 
-ҳамоҳангсозӣ ва назорати иҷрои супоришу дастурҳои вазир;
-мувофиқати вақт, макон, шумора ва ҳайати  иштирокчиёни вохӯриҳои ҳайатҳои расмӣ, шахсони алоҳидаи ҳуқуқӣ ва воқеӣ бо роҳбарияти Вазорати маориф ва илм;
-ташкили баргузории мулоқотҳои расмии вазир ва муовинони ӯ бо намояндагони ҳайатҳои хориҷӣ;
-пешбурди фаъолияти сомонаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
Роҳбар:  Сафарзода Эҳсони Хушбахт
Суроға: Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷиукистон
734025, Душанбе, кӯчаи Нисормуҳаммад, 13а
Тел: (+992 37) 227-37-06
E-mail: ehson.89@mail.ru