БАЙНИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҲУКУМАТИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ ДАР СОҲАИ МАОРИФ ВА ИЛМ ДУ СОЗИШНОМА БА ИМЗО РАСИД

30-11-2021
30-юми ноябри соли ҷорӣ дар толори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ, муовини Сарвазири Федаратсияи Россия Оверчук Алексей Логвинович, муовини якуми вазири маорифи Федератсияи Россия Бугаев Александр Вячеславович, намояндагони Ҳукумати Федаратсияи Россия, Шӯрои федератсия, Вазорати маорифи Федератсияи Россия, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафорати Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими баимзорасонии Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ташкили таъминоти фаъолияти таълимии кормандони педагогии рус дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ташкил ва шартҳои фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии муштарак дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳсилашон бо забони русӣ ба роҳ монда мешавад, доир гардид.
Зимни имзои созишномаҳо М.Имомзода-вазири маориф ва илм зикр кард, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федаратсияи Россия муҳтарам Владимир Путин теъдоди кофии созишномаҳо ба имзо расидааст, ки ба муносибатҳои стратегии мо таҳким мебахшанд.
Ҳамзамон, таъкид гардид, ки соли панҷум аст Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазорати маорифи Россия лоиҳаи «Омӯзгорони рус дар хориҷа»-ро амалӣ намуда истодааст. Имрӯз дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон 49 нафар омӯзгор фаъолият намуда, аз фанҳои забон ва адабиёти рус, математика, физика, биология ва дигар фанҳо ба забони русӣ ба хонандагон таълим медиҳанд.
- Зимни сафари соли 2020 ҳангоми вохӯрӣ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба сохтмони муассисаҳои таълимӣ ва омӯзиши забони русӣ дар Тоҷикистон сухан карда, вобаста ба ин масъала таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд,- зикр кард муовини Сарвазири Федаратсияи Россия Оверчук Алексей Логвинович. – Имрӯз аз рафти корҳои сохтмонии яке аз муассисаҳо дидан намудем ва боварӣ ҳосил кардем, ки шурӯъ аз соли хониши нав ба фаъолият шурӯъ мекунанд ва хонандагон ба таҳсил ҷалб мешаванд. 
Инчунин, муовини якуми вазири маорифи Федератсияи Россия Бугаев Александр Вячеславович аз ҳамкориҳои ҷойдошта дар самти маориф ва илм изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид дошт, ки ба фаъолият шуруъ намудани муассисаҳои таълимӣ ба рушди ҳамкориҳои тарафайн мусоидат хоҳанд кард. 
Бояд зикр, ки тибқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ташкили таъминоти фаъолияти таълимии кормандони педагогии рус дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти ваколатдори тарафи Тоҷикистон ҳамасола пешниҳодҳои худро вобаста ба талаботҳои касбӣ, ки ба кормандони педагогии рус алоқамандӣ доранд, ба мақомоти ваколатдори тарафи Россия пешниҳод менамояд ва мақомоти ваколатдори Федератсияи Россия ҷиҳати таъмини талаботҳои пешниҳодшуда мусоидат менамояд.
Дар Созишномаи мазкур гуфта шудааст, ки кормандони педагогии рус дар давраи будубош дар Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадоранд, ки талаботҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳоро риоя намоянд,  ба урф ва анъанаҳои миллӣ  эҳтиром гузошта, фаъолияти таълимиро дар мактабҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо забони русӣ  дар асоси стандартҳои давлатии федеролии таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва барномаҳои намунавии таълимии асосии қабулшудаи Федератсияи Россия, нақшаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин бо ба инобат гирифтани стандартҳои таълимӣ, қоидаҳои маъмурӣ, низомномаҳо ва дигар санадҳои дахлдори меъёрии  ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал мебароранд.
Дар Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ташкил ва шартҳои фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии муштарак дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳсилашон бо забони русӣ ба роҳ монда мешавад, гуфта шудааст, ки фаъолияти таълимӣ дар мактабҳо дар асоси қонунгузории Федератсияи Россия аз рӯйи барномаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии умумӣ, умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ тибқи стандартҳои давлатии таълимии Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, таълим  дар  мактабҳо  бо забони русӣ бо омӯзиши ҳатмии забони тоҷикӣ ба амал бароварда мешавад.
Созишномањоро вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ ва муовини якуми вазири маорифи Федератсияи Россия Бугаев Александр Вячеславович имзо намуданд.
Э.ХУШБАХТ