ВОКУНИШИ Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баҳсу мунозираҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ оид ба тамдиди соли таҳсил

02-06-2021
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба баҳсу мунозираҳо оид ба тамдиди соли таҳсил иттилоъ медиҳад, ки 1-уми июни соли ҷорӣ бо мақсади анҷоми соли таҳсили 2020-2021, ташкил ва баргузор намудани аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар асоси Дастурамали аз аттестатсия гузаронидани хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба анҷоми соли таҳсили 2020-2021, аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон” (аз 01.06.2021, №864) ба тасвиб расид. Тибқи банди 1 ин фармоиш машғулиятҳои таълимӣ дар синфҳои 1 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 3 июни соли 2021 ва дар синфҳои 2-11 (12)-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ 7 июни соли 2021 ба анҷом расонида мешавад.
Ҳамчунин, дар бандҳои дигари фармоиш гуфта шудааст, ки аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидани хонандагони синфҳои 4-8 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (рӯзона) аз 8 июн то 15 июн, аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидани хонандагони синфҳои 5-8 ва 10-11 муассисаҳои таҳсилоти умумии ғоибона  аз 9 июн то 17 июн, аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидани хонандагони синфҳои 10 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (рӯзона) аз 9 июн то 16 июн, аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидани хонандагони синфҳои 10 ва 11 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ғоибона (ба истиснои Муассисаи ғоибонаи калонсолон ва наврасони нобино ва сустбини шаҳри Ҳисор) аз 8 июн то 15 июн, аттестатсияи хатм дар синфҳои 9 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (рӯзона ва ғоибона) аз 8 то 18 июн ва аттестатсияи хатми синфҳои 11 (12) муассисаҳои таҳсилоти умумӣ рӯзҳои 8-19 июн гузаронида шаванд.
Тавре ба ҳама маълум аст, ҷиҳати тамдид намудани буҷаи вақт дар муассисаҳои таълимӣ дар асоси хулосаҳои вазорату кумитаҳои дахлдор, хусусан, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25.09.2018, №484 «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2016, №237 «Оид ба Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расида буд. Тибқи ин санад дар зинаи таҳсилоти умумӣ чун пештара чор чоряк ва таътилҳои тирамоҳӣ, зимистона, баҳорӣ ва тобистона барқарор гардида, соли таҳсил аз 1 сентябр то 14 июн (барои синфи 1 то 7 июн) муқаррар карда шуд.
Дар асоси санади мазкур қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тасдиқи «Нақшаи таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2019 ва солҳои минбаъда» аз таърихи 01.10.2018, №18/39 ба тасдиқ расида, ба тамоми муассисаҳои таълимӣ дастрас гардид. 
Ҳамзамон, дар асоси қарорҳои зикршудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10.10.2018, №6493 «Дар бораи иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25.09.2018, №484» ба тасвиб расид. Тибқи ин фармоиш аз ҷониби Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ, Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Вазорати маориф ва илм пешниҳод карда шуд, ки дар ду ҳафтаи тамдидшуда дар соли таҳсили 2018-2019 аз ҳар як фанни мавҷуда аз мавзӯъҳои дар барномаҳои таълимӣ васеъбуда ё аз мавзӯъҳои барои замони муосир мубрамбуда, хусусан аз фанҳои табиию риёзӣ дарсҳои иловагӣ гузаронида шуда, омӯзгорон ҳар як фанни таълимиро ҷамъбаст намоянд. Аз ин рӯ, андешаи он ки гӯё «дар муассисаҳо дарсҳо тибқи нақша 25-уми май ба охир расида, хонандагон дарси такрор мехонанд», асоси воқеӣ надорад. 
Ҳамзамон, бояд дар назар дошт, ки дар тамоми кишварҳо оғоз ва анҷоми дарсҳо дар вақтҳои гуногун сурат мегирад. Масалан, дарсҳо дар муассисаҳои таълимии Австрия 7-14 сентябр, Белгия - 1 сентябр, Дания - 11 август, Фаронса - 2 сентябр, Олмон – моҳи август, Италия - 8-17 сентябр, Нидерландия - 18-25 август, Норвегия - 14-22 август, Испания - 5-15 сентябр, Англия - 1 сентябр, Чин - 16 август, Индонезия - 3 август оғоз меёбад. Инчунин, дарсҳо дар муассисаҳои таълимии Австрия 1-8 июл, Белгия - 30 июн, Дания - 26 июн, Фаронса - 4 июл, Олмон – моҳи июл, Италия - 6-16 июн, Нидерландия - 10-17 июл, Норвегия - 17-23 июн, Испания - 19-23 июн, Англия - 20-22 июл, Чин - 1 июл, Индонезия - 9 июн ба охир мерасанд.
Аз тарафи дигар, дар давлатҳои Аврупою Амрико вазъи демографӣ мусоид ва нуфуси аҳолӣ паст буда, ин кишварҳо имконияти пурраи истифодаи буҷаи вақти таълимиро аз ҳисоби давомнокии рӯзи таълимии муайяншуда пурра карда метавонанд, зеро дарсҳоро аз соати 8:00 то соати 15:00 ва зиёдтар аз он дар як баст ба роҳ мемонанд. Вале дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нуфуси аҳолӣ зиёд буда, дарсҳо дар муассисаҳои таълимӣ соати 8:00 шурӯъ гашта, то соати 18 дар ду баст идома меёбанд. Вобаста ба вазъияти мазкур хонандаи мактаби тоҷик имконияти пурраи истифодаи буҷаи вақтро аз ҳисоби давомнокии рӯзи таълим надошта, барои самаранок истифода намудани он мушкилӣ пеш меояд. Аз ин рӯ, зарур буд, ки ин меъёр на аз ҳисоби соат дар як рӯз, балки бо тамдид намудани рӯзи таълимӣ ва мутаносибан, соли таҳсил самаранок истифода шавад. 
 
Маркази матбуоти 
Вазорати маориф ва илми 
Ҷумҳурии Тоҷикистон