Таҳсилоти томактабӣ ҳанӯзам мушкилоти ҳалталаб боқӣ мемонад, чаро?

05-02-2019
Ҷавоб ба мақолаи «Таҳсилоти томактабӣ ҳанӯзам мушкилоти ҳалталаб боқӣ мемонад, чаро?», ки дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» (шумораи №184, рӯзи 18-уми сентябри соли 2018) мунташир шудааст
 
«Таҳсилоти томактабӣ яке аз бахшҳои асосии таълиму тарбия дар соҳаи маориф буда, барои рушди кӯдак муҳити солими инкишофро фароҳам меорад. Айни замон дар ҷумҳурӣ 615 муассисаи таҳсилоти томактабӣ фаъолият менамояд, ки дар он зиёда аз 93 ҳозор кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст. Инчунин, барои ҷалби бештари кӯдакон ба таълиму тарбия дар кишвар 1671 маркази инкишофи кӯдак ба фарогирии зиёда аз 43 ҳазор тифл амал менамоянд…»-бо ин суханон оғоз меёбад матлаб, ки рӯзноманигор бо муовини сардори раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбат анҷом додааст. 
Дар мавод аз ҷониби коршиноси соҳа тамоми дастоварду пешравиҳо дар соҳа ва инчунин, мушкилоти ҷорӣ, ки аллакай дар муддати наздик роҳи ҳалли худро меёбанд, зикр гардидааст. Мисоли рушан метавон ҷумлаи зеринро гирифт: «Тибқи нишондиҳандаҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 то соли 2020 фарогирии кӯдакони аз 3 то 6-сола ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ бояд ба 30 дарсад расонида шавад. Аммо вазъи мавҷуда иҷрои ин талаботро душвор гардонидааст. Барои бартарф намудани ин камбудӣ Вазорати маориф ва илм якҷо бо шарикони рушд, аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ ва Фонди глобалии таҳсилот лоиҳаеро омода карда истодаст, ки ба рушди таҳсилоти томактабӣ равона шудааст. Инчунин, лоиҳаи Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ барои солҳои 2019-2024 омода гаштааст, ҳадафи он низ таъсису бунёди муассисаҳои томактабӣ, баланд бардоштани маҳорати касбии кормандон ва баргардонидани биноҳои муассисаҳои томактабӣ ба ҳолати аввалаашон мебошад».
Дар мақола зимни суҳбат мутахассиси соҳа фактҳои зиёдро иброз доштааст, ки рӯзноманигор аз онҳо фаровон истифода бурдааст. Яъне, аз ҷумлаи иқтибосшуда маълум аст, ки мушкилоти ҷойдошта аз зумраи он мушкилоте нест, ки дар як рӯзу ду рӯз ва ё як моҳ ҳали худро ёбад, балки мушкилотест, ки вақт меҳоҳад. Аз ин рӯ, рӯзноманигори муҳтарам бояд дар назар медошт, ки тибқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 фарогирии кӯдакони аз 3 то 6-сола ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ бояд то соли 2020 ба 30 дарсад расонида шавад.
 
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва
илми Ҷумҳурии Тоҷикистон