Тартиб дигар нашудааст

08-03-2018
(Ҷавоб ба мақолаи Зарангези Наврӯзшоҳ «Вазорати маориф омӯзгорони тоҷикро ҳайрон кард»,  «Чархи гардун», №8, 21 феврали соли 2018)
Мақолаи мухбир Зарангези Наврӯзшоҳ бо ҷумлае оғоз меёбад, ки «понздаҳ дар сад кам шудани маош дар моҳи январ» аксар омӯзгорони кишварро нороҳат кард. Аммо дар асл чунин нест: аксар муаллимони мамлакат дар мавриди пардохти маоши моҳи январ  нороҳатиеро эҳсос накарданд. Зеро дар моддаи 7.1. «Тартиби пардохти музди меҳнати кормандони соҳаи маориф», ки аз тарафи чор сохтор: Вазоратҳои молия, маориф ва илм, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф ва илм моҳи январи соли 2017 тасдиқ шудааст,  омадааст: «Музди меҳнати омӯзгорон дар давраи таътили тобистона ва зимистона аз ҳисоби музди меҳнати тибқи тарификатсия муқарраршудаи давраи пеш аз таътил бе иловапулӣ барои тафтиши дафтар, мудири кабинет ва роҳбарии синф пардохт мешавад». 
Яъне, дар давраи таътили хонандагон ба омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ маош тибқи тарифакатсияи муқарраршуда пардохт шуда, се намуд иловапулӣ: барои тафтиши дафтар, мудири кабинет ва роҳбарии синф пардохт намегардад. Зеро маълум аст, дар ин давра ба дӯши омӯзгорон вазифаҳои мазкур гузошта намешаванд. Қоидаи мазкур дар санадҳои аз ин пеш қабулшуда, аз ҷумла дар Тартиби пардохти музди меҳнати кормандони соҳаи маориф, ки соли 2010 қабул шудааст, низ ба чашм мерасад. Аммо азбаски таътилҳои тирамоҳӣ, зимистона ва баҳорӣ кӯтоҳмуддат буданд, андаке кам шудани маоши омӯзгорон он қадар эҳсос намегардид. Ҳоло дар давраи таътили зимистона, ки як моҳ идома ёфт, то 15 фоиз кам шудани маош шояд эҳсос гардид. 
Мухбир Зарангези Наврӯзшоҳ, ҳамчунин, ба қавли баъзе мусоҳибон истинод карда, менависад, ки маоши омӯзгорон аз 100 то 300 сомонӣ кам шудааст, ин ҳам ба ҳақиқат рост намеояд; нафаре гӯё ба ҷойи 900 сомонӣ 700 сомонӣ гирифтааст, дар ҳоле, ки понздаҳ фоизи ин маблағ 135 сомониро ташкил медиҳад, на 200 сомониро. 
Бояд гуфт, ки соли равон бо пешниҳоди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёри маблағгузории сарикасӣ 2% зиёд карда мешавад, ки ин ба афзоиши музди кори омӯзгорон мусоидат мекунад. Ҳамчунин, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр карданд, ки аз 1 сентябри соли 2018 музди кори соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла омӯзгорон ба андозаи боз 15 дарсад зиёд карда мешавад. Ин аз ғамхории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маориф, ҳамчун соҳаи афзалиятнок дарак медиҳад.   
Маркази матбуоти Вазорати маориф 
ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон