ШАЪНУ ШАРАФИ ОМӮЗГОР ТАҲТИ МУҲОФИЗАТИ ДАВЛАТ ҚАРОР ДОРАД...

12-11-2022
ШАЪНУ ШАРАФИ ОМӮЗГОР ТАҲТИ МУҲОФИЗАТИ ДАВЛАТ ҚАРОР ДОРАД...
Ё ҷавоб ба як карикатураи ҳафтаномаи “Тоҷикистон”, ки дар саҳифаи 16, №44 нашр шудааст
 
Баланд аст аз фалак шони муаллим,
Бувад ҷонбахши мо ҷони муаллим.
Ҳақ ба ҷониби устоди соҳибназар Камол Насруллост, ки мартабаи омӯзгорро аз фалак баландтар мебинад ва ӯро “ҷонбахши ҷон”-и худ медонад. 
Мисли ин садҳо бузургони дигар муаллимро дар ҷомеа ба дурустӣ шинохтаанду мешиносанд. 
Дуруст аст, ки муддате шахсони тасодуфӣ ба мактаб роҳ ёфтанд ва ба касби омӯзгорӣ машғул шуданд, аммо ин маънои онро надорад, ки ҳар гунае хоҳем, ба ҷониби ОМӮЗГОР санг партоем. Бисёриҳо шоҳиданд, хусусан, аҳли матбуот, ки  Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо тавассути суҳбатҳои рӯёрӯ ва муроҷиатномаву вокунишҳо аз ҷомеаи шаҳрвандӣ, хусусан, рӯзноманигорон ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дархост ба амал меорад, ки аз нашри ҳама гуна маводи пастзанандаи обрӯю эътибори ОМӮЗГОР – тарбиятгари насли башар худдорӣ намоянд ва баръакс, барои баланд бардоштани мақоми ОМӮЗГОР дар баробаи Ҳукумати кишвар ва Вазорати маориф ва илм саҳми шоиста гузоранд. Мутаассифона, ҳастанд нафароне, ки ин дархости ҳамкориро нодида мегиранд ва бо истифода аз минбари расонаҳо маводе нашр мекунанд, ки ба обрӯю нуфуз ва эътибори ОМӮЗГОР таъсири манфӣ мерасонад. Ба назар чунин менамояд, ки ин гуна ашхос аз мактаби одамияти ОМӮЗГОР нагузаштаанд ва ё тарбияти ОМӮЗГОР нагирифтаанд. Чунончи, дар саҳифаи 16-и шумораи №44 –и ҳафтаномаи “Тоҷикистон” масъулин карикатураеро нашр намудаанд, ки симои ОМӮЗГОРро дар он ҳамчун “талбанда” нишон медиҳад. Маводи мазкур ин шабу рӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ сару садоҳои зиёдеро ба бор оварда, боиси нигаронии садҳо нафар омӯзгорон ва аҳли зиё гаштааст.
Ин дар ҳолест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қариб дар тамоми суханрониҳои худ таъкид медоранд, ки “Муаллим ақл, шарафу виҷдони ҷомеа ва симои асосии он мебошад. Вай донишу заковат, гармии худро бедареғ ба фарзандон медиҳад ва хешро хушбахт меҳисобад”.
Корбари шабакаи иҷтимоии Фейсбук Зайнулло Бобоев ҷавобан ба ин амали масъулини нашрияи “Тоҷикистон” навиштааст: “Шахсияте, ки дар рушду камоли мо саҳми созгор дорад, ин муаллим мебошад. Шахсе бо ин ҳама бузургӣ дастони кучаки моро медошту навиштан меомӯхт. Он гаҳ, ки намедонистем, даҳҳо ва садҳо маротиба суханеро такрор ба такрор мегуфтем, вале сабр мекарду аз мо намеранҷид. Чун шамъ месӯхту ба мо равшанӣ медод. Дар ҳақиқат шахсияте ҳаст, ки тамоми бузургону донишмандонро таълим дода, ба ҷодаи муваффақият расондааст. Ӯ шахсест, ки ҷомеаро нависанда, гӯянда, соҳибилм, бомаърифат ва ватандӯст менамояд. 
Тасвири расми муаллима дар ҳолати талбандагӣ дар яке нашрияҳои овозадор, ки беэҳтиромӣ ва талбанда шуморидани муаллимонро нишон медиҳад, хеле ғамгинам кард. Аввалан ба ҳамон рассоми чунин карикатура гуфтанӣ ҳастам, ки агар дар пеши ягон муаллиме дарс нахондаӣ ва фақат ҳунари рассоми дорӣ, пас ту ҳоло қадру манзалати муаллимро намедонӣ ва чӣ гуна заҳмат кашидани ӯро дарк ҳам намекунӣ, пас ҳаққи ба масхара кашидани ин шахсиятро надорӣ. Лекин агар дарс хонда бошиву муаллимро хуб мешиносӣ, рафта ҳадди ақал аз ҳамаи муаллимони маҳалаатон узр пурс. Чи тавре ки дар расм муаллимро талбанда нишон додаӣ, дар асл талбандаи ҳақиқӣ худи ту ҳастӣ. Барои он расм мекашӣ, ки мардум ба ту пул бидиҳанд. Аммо, рӯзе дарк хоҳӣ кард азоби талбандигиро, ки он вақт пушаймонӣ оқибат надорад суд.
Фикр намо, ки бо ҳамин як расми дар нашрия беандеша ҷой намудаат дили зиёда аз 120 000 муаллими Тоҷикистонро ранҷонидӣ. Сад ҳайф! Ноне, ки мехӯрӣ, аз ҳисоби пули обунаи ҳамин муаллимон аст.”
Дар шарҳи ин навиштаҳои Зайнулло Бобоев корбари дигаре бо номи Боймуҳаммад Алиев басе хуб зикр кардааст, ки инҷо гуфтанаш аз манфиат холӣ нест: “Агар тамоми рассомони рӯйи олам батакрор ҳамин расми талбандагии муаллимро тасвир кунанд ҳам, ман фақат як чизро мебинам: Тамоми дунё пеши муаллим талбанда аст! Чи қадаре ки наталбем, кулвори муаллим холӣ намешавад ва ҳатто Ҳотами Той назди муаллим мисли гадо метобад. Бо Шумо фахр мекунам, муаллиму муаллимаҳои азиз!”
Воқеан, муаллим аст, ки маҳз дар натиҷаи заҳмату талошҳояш шахс соҳиби донишу малака мегардад ва ба ҷойе мерасад. Ба ибораи А. С. Макаренко, “Агар муаллим барои эҳёи тафаккури насли нав хизмат намекард, зиндагӣ як лаҳза ҳам пеш намерафт.”
Собиқадори соҳа ва омӯзгори варзидаю соҳибмактаб Ҳабибулло Искандаров, ки барои рушди мактабу маориф хидмати мондагоре карда буд, ҳамеша таъкид мекард: «Дар ҳар ҳолат аз обрӯи муаллим андеша кунед».
Ин таъкиди устод, ки аз таҷрибаи рӯзгор бармеояд, барои ҳар узви ҷомеа бояд шиор бошад!
Моддаи 52 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” вобаста ба ҳифзи шаъну шарафи ОМӮЗГОР махсус таъкид медорад, ки “Шаъну шарафи омӯзгор таҳти муҳофизати давлат қарор дорад.”
Аз ин рӯ, ҳеҷ кас ҳақ надорад, ки бо мақсади паст задани шаъну шафар ва обрӯю эътибори ОМӮЗГОР амали ноҷоеро анҷом диҳад. 
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз баланд бардоштани мақоми омӯзгорро дар мадди аввал гузоштааст ва бо назардошти талабу дархостҳои собиқадорони соҳаю омӯзгорони варзида аз масъулини ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дархост менамояд, ки барои карикатураи нашркардааш аз ОМӮЗГОР – МУАЛЛИМ узр пурсад. Зеро дар ҳеҷ давру замон ОМӮЗГОР, МУАЛЛИМ ба ин ҳад мавриди таҳқир қарор нагирифтааст.
Вазорати маориф ва илм пайваста навиштаҳои рӯзноманигорон, корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро мавриди омӯзишу корбарӣ қарор дода, таклифу пешниҳодоти судмандро дар фаъолияти рузмарраи худ мавриди истифода қарор медиҳад, аммо ҳар маводеро, ки маҳз боиси паст задани шаъну шарафи ОМӮЗГОР мегардад, шадидан маҳкум менамояд!
 
Вазорати маориф ва илми 
Ҷумҳурии Тоҷикистон