ПОСУХ БА МАТЛАБИ «РОҲНАМОИ ПУЛАКИВУ МУАЛЛИМОНИ БЕМАОШ...» «СССР» №2, 14-УМИ ЯНВАРИ СОЛИ 2021

28-01-2021
Дар доираи тадбирҳои ислоҳоти соҳаи маориф, аз ҷумла татбиқи муносибати босалоҳият ба таълим азнавсозии мазмуни таҳсилот, таҳияи стандарту барномаҳои фаннӣ, китобҳои дарсӣ ва дастурҳои методии роҳнамои омӯзгор таълиф шуданд, ки имконият медиҳанд, то дар баробари донишҳои назариявӣ, маҳорату малакаи хонандагон низ рушд ёбад. 
Барои баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия заминаи маънавии омӯзгоронро низ пурзӯр кардан лозим аст. Бо ин мақсад Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дастурҳои методии роҳнамои омӯзгорро аз ҳар як фан таҳия ва чоп намуд. Дастурҳои методии роҳнамои омӯзгор ҳамчун воситаи баёнкунандаи методикаи таълим дар асоси мундариҷаи китобҳои дарсӣ таҳия гардида, дар онҳо усулҳои гузариши дарс барои омӯзгорон пурра ифода ёфтааст.
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон то ҳадди имкон кӯшиш мекунад, ки ҳама гуна маводди таълим, аз ҷумла дастурҳои методии омӯзгорро дар доираи имконот аз ҳисоби маблағҳои худӣ ва ё бо маблағгузории шарикони рушд чоп ва ба таври ройгон ба омӯзгорон дастрас намояд. Аз ҷумла тӯли ин муддат дастурҳои методии роҳнамои омӯзгор дар синфҳои ибтидоӣ бо маблағгузории Фонди глобалии таҳсилот ва як теъдоди дигари дастурҳои роҳнамои омӯзгор аз фанҳои забонҳои русӣ ва англисӣ аз ҳисоби маблағҳои «Барномаи давлатии омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» нашр ва ба таври ройгон дастрас шуданд. Танҳо ҳамон теъдоди ин дастурҳо, ки аз ҳисоби маблағҳои фонди иҷораи китобҳои дарсӣ нашр шудаанд, тавассути маблағи нақдӣ ба муассисаҳои таълимӣ дастрас карда шудааст. Чунки фонди гардони иҷораи китобҳои дарсӣ аз ҳисоби маблағҳое, ки хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои истифодаи китобҳои дарсии иҷоравӣ месупоранд, фаъолият мекунад.      
Дастурҳои методии роҳнамои омӯзгор бо маблағи муайян ба муассисаҳои таълимӣ дастрас карда мешавад. Барои харидории маводди дигари таълим (роҳнамои омӯзгор, барномаҳои таълим ва ғайра) дар суратҳисоби муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар доираи маблағҳои сарикасӣ ҳамасола аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ маблағи алоҳида пешбинӣ мешавад. Маблағи маводи дигари таълими номбаршуда бояд аз ҳисоби ҳамин маблағҳои сарикасии муассисаҳои таълимӣ пардохт шавад, на аз ҷониби падару модари хонанда ва ё омӯзгорон. Чунки агар омӯзгор ин ё он дастури методӣ ва ё барномаву стандарти таълимро аз ҳисоби худ мехарад, ӯ метавонад онро дубора ба мактаб барнагардонад. Вале агар ин дастуру барномаҳо аз ҳисоби мактаб харидорӣ шаванд, онҳо дар фонди китобхонаи мактаб монда, солҳои дароз ба омӯзгорон хизмат мекунанд. Мутаассифона, на ҳамаи муассисаҳои таълимӣ ин маблағҳоро самаранок истифода мекунанд ва омӯзгорон маҷбур мешаванд, ки маблағи баъзе аз дастурҳои зарурии таълимро аз ҳисоби худ пардохт кунанд. Маҳз чунин омилҳо боиси он мегарданд, ки омӯзгорон, хусусан мутахассисони ҷавон ҳамасола бо фарорасии соли нави таҳсил дар пайи ҷустуҷӯйи барномаву васоити зарурии таълим сарсону саргардон мешаванд. Вазорати маориф ва илм имкони ҳамасола нашр кардани ин дастуру барномаҳоро надорад. Мушкил ин ҷост, ки қисми зиёди муассисаҳои таълимӣ аз ҷониби раёсатҳои молияи мақомоти маҳаллӣ маблағҳоеро, ки ба ин самт пешбинӣ шудаанд, аз худ карда наметавонанд. Яъне мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар  аксар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо сабабҳои гуногун маблағи ба ин самт пешбинишударо пардохт карда наметавонанд. 
Бинобар ин мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳо бояд ҳатман барои пардохт намудани маблағҳое, ки дар доираи маблағҳои сарикасии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои харидории маводди зарурии таълим пешбинӣ мешавад, ба раёсат ва шуъбаҳои маориф ёрмандӣ кунанд.
Ҳамчунинн муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ маблағи дастурҳои методии роҳнамои омӯзгорро аз ҳисоби маблағҳои соли 4-уму 5-ум ва минбаъдаи иҷораи китобҳои дарсӣ (дар суртаи коршоям будани китоб дар солҳои чоруму панҷум 50 фоизи нархи соли 3-юми истифодаи китоб аз ҷониби хонанда пардохт мешавад) метавонанд пардохт кунанд. Мутаассифона ин маблағҳо низ дар бештари муассисаҳои таълимӣ мақсаднок истифода намешаванд.
Айни замон бинобар сабаби норасоии маблағҳои зарурӣ барои чопи дастурҳои методии роҳнамои омӯзгор Вазорати маориф ва илм бо дархости омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ теъдоди боқимондаи ин дастурҳоро тавассути сомонаи Вазорат (www.maorif.tj) ба роҳ мондааст, ки омӯзгорон метавонанд бемалол дастрас кунанд.  
 
Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон