Посух ба мақолаи “Конибодом: муаллимон мераванд...”

21-07-2022
Шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом ба маълумоти Шумо мерасонад, ки гуфтугӯи телефонии хонандаи доимии ҳафтаномаи “СССР” Алиҷон Маҳмудов, таҳти унвони “Конибодом: муаллимон мераванд...” аз санаи 5.05.2022, №18 (711) ба табъ расида буд, мавриди омӯзишу баррасӣ қарор дод. 
Мавриди зикр аст, ки дар мақола далели овардашуда на чандон дуруст буда, 374 нафар омӯзгор бо сабабҳои гуногун, аз ҷумла муҳоҷирати меҳнатӣ,  ивази ҷои кор,  беморӣ, фавт, ба нафақа баромадан ва сабабҳои оилавӣ дар соли таҳсили 2021 - 2022 тарки вазифа намудаанд. 
Дар ин замина, аз ҷониби масъулини соҳаи маорифи шаҳр ва маъмурияти муассисаҳои таълимӣ баҳри таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорон тадбирҳои саривақтӣ андешида шуда, дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва Коллеҷи омӯзгории шаҳри Конибодом бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда аз ҳисоби мутахассисони ҷавон, омӯзгорони ҳамкор ва нафақахӯр 306 нафар ба кор қабул карда шуданд. 
Таҳлилҳо муайян намуданд, ки сабабҳои тарки вазифа намудани омӯзгорон дар муассисаҳои таълимӣ бештар ба омилҳои иҷтимоӣ вобаста мебошад. 
Бояд гуфт, ки шуъбаи маорифи шаҳр баҳри баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа тадбирҳои саривақтӣ андешида истодааст. Аз ҷумла, 17 нафар омӯзгори соҳа аз тарафи МИҲД шаҳр барои бунёди боғ 3,5 гектар замини кишт ҷудо карда шудааст, ки айни ҳол ҷобаҷокунии ҳуҷҷатҳо идома дорад. Инчунин, ҳамасола барои барқарор намудани саломатии кормандони соҳа ва омӯзгорони пешқадам роҳхат ба осоишгоҳу табобатгоҳҳо дода мешавад.   
 
 
                                 Б. Ҷабборӣ, 
мудири шуъбаи маорифи
шаҳри Конибодом