Пешниҳодҳо қобили дастгирист

19-03-2022
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешаи омӯзгориро муқаддастарин касби рӯи олам шуморида, бедории фикр, покизагии ахлоқ ва ташаккули ақлонии инсонро маҳсули ранҷу машаққати омӯзгорон меҳисобанд. 
Бо назардошти чунин қадршиносӣ ва таъкидҳои пайвастаю таваҷҷуҳи хоса ва ғамхориҳои бевоситаи Сарвари давлат, мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 28 июни соли 2011 бо № 14/44) “Тавсиянома доир ба мақоми омӯзгор дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро қабул намудааст ва ҳадаф аз ба тавсиб расондани ҳуҷҷати мазкур баланд бардоштани шаъну шараф ва эътибори омӯзгорон аст. 
Мутаассифона, имрӯзҳо дар ҷомеаи мо намояндагони ин пеша ба таври бояд аз обрӯву мартабаҳои худ бархӯрдор нестанд. Бемуҳобо паст гардидани эътибори эшон метавонад, ояндаи дурахшони наслҳои минбаъда ва дар умум ҷамъиятро зери суол барад. Аз ин рӯ, ҷиҳати баланд бардоштани мақоми омӯзгорон ва беҳбуд бахшидан ба вазъи иҷтимоии онҳо Ҳукумати ҷумҳурӣ, аз ҷумла Вазорати маориф ва илм талошҳои зиёде дорад. Ногуфта намонад, ки санаи 2-юми марти соли ҷорӣ ҷаласаи кории вазири маориф ва илм оид ба омода намудани мутахассисон аз рӯйи равияҳои омӯзгорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ доир гардид ва ҳадаф аз баргузории ин ҷаласа ин баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа ва таъмини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо мутахассисони соҳибкасб буд. 
Дар ин росто, 10 пешниҳоди рӯзноманигор Ҷамолиддини Фахриддин ба вазири маориф ва илм дар ҳафтаномаи “СССР” (аз 17.03.2022, №11-12, (704-705)) нашр гардидааст ва зикр меравад, ки ин пешниҳодҳо ҷиҳати баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа мусоидат хоҳанд кард. 
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъулини соҳа талош менамояд, ки ин пешниҳодҳоро ҷиддӣ омӯхта, баҳри ҳалли мушкилоти ҷойдошта чораҳои заруриро андешанд. 
 
Маркази матбуоти 
Вазорати маориф ва илми 
Ҷумҳурии Тоҷикистон