Мушкилӣ ҳалшаванда аст

16-02-2018
(Ҷавоб ба мақолаи «Офтобро бо доман пӯшонда
намешавад!», «Ҷумҳурият», 9 феврали соли 2018, № 31)
 
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таваҷҷуҳи аҳли эҷоди рӯзномаи «Ҷумҳурият» ба фаъолияти соҳаи маориф миннатпазир аст ва ҳар иқдоми нек ва ташаббусу пешниҳодҳои ҷолибро дастгирӣ мекунад.
Солҳои истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ зиёда аз 2600 бинои муассисаи таълимӣ ва биноҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимии мамлакат сохта ба истифода дода шудааст, ки дар ин байн чор ноҳияи шаҳри Душанбе, аз он ҷумла ноҳияи Сино истисно нест. Масалан, соли 2017 тавассути раёсати сохтмони асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ биноҳои иловагӣ барои 640 ҷойи нишаст дар ҳудуди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№ 38, 54 ва барои 320 ҷойи нишаст дар ҳудуди МТМУ № 60-и ноҳияи Сино сохта ба истифода дода шуд. Сохтмони бинои иловагӣ барои 640 ҷойи нишаст дар ҳудуди МТМУ №50, сохтмони мактаби нав барои 744 ҷойи нишаст дар заминаи МТМУ № 96 ва азнавсозию таъмири асосии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 43 ва 95 дар нақшаи кори раёсати сохтмони асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе буда, корҳо дар ин самт идома доранд. 
Дар мавриди бинои МТМУ № 46 –и ноҳияи Сино, ки дар мақола ҳолати ногувори он зикр ёфтааст, бояд қайд кард, ки дар муассисаи мазкур корҳои лоиҳакашӣ анҷом ёфта, хулосаи экспертизаи давлатӣ низ барои сохтмони бинои нави 3- ошёна барои 320 ҷойи нишаст дар як баст дар ҳудуди муассисаи таълимии мазкур гирифта шудааст. Яъне, корҳо дар ин самт тибқи тартиботи корҳои сохтмонӣ давом дошта, он рӯз дер нест, ки сохтмони бинои муассисаи мазкур шуруъ шавад.
 
Маркази матбуоти Вазорати маориф ва
                                         илми Ҷумҳурии Тоҷикистон