Муаллимон имтиёз доранд

22-02-2018
(Ҷавоб ба хабари «Бе хона чӣ хел муаллимӣ кунам?»-и Саймуддин Файзуллоев, «СССР», 15 феврали соли 2018)

Омӯзгори ҷавон, хатмкардаи Коллеҷи омӯзгории ш. Кӯлоб, ҳоло донишҷӯи шуъбаи ғоибонаи Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб Саймуддин Файзуллоев ба идораи ҳафтаномаи «СССР» арзи ҳол намудааст, ки мехоҳад дар таълимгоҳе ба кори омӯзгорӣ машғул пардозад, аммо масъулон ба дархости ӯ барои гирифтани замин бепарвоӣ зоҳир кардаанд. Албатта, чунин ҳолатҳо ба миён меоянд ва омӯзгорони ҷавонро мебояд, ки аз ҳуқуқ ва имтиёзҳояшон огоҳ бошанд. Ба таваҷҷуҳи омӯзгори ҷавон мерасонем, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муаллимони ҷавон як қатор имтиёзҳо муқаррар кардааст, ки яке аз онҳо таъмин бо замини наздиҳавлигӣ мебошад. Дар Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2006, №197 «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон» омадааст:  «Бо мақсади тақвияти ҳифзи иҷтимоии мутахассисони ҷавони соҳаи маориф ва ҷалби онҳо ба фаъолияти омӯзгорӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 1. Барои се соли аввали фаъолияти омӯзгорони ҷавоне, ки дорои таҳсилоти олии касбии омӯзгорӣ ҳастанд ва дар намудҳои гуногуни мактабҳои таҳсилоти умумӣ кор мекунанд, аз 1 январи соли 2007 имтиёзҳои зерин муайян карда шаванд: - бенавбат ҷудо кардани қитъаи замин барои сохтмони хонаи истиқоматӣ; - дар ноҳияҳои кӯҳистон вобаста ба имконияти ноҳияҳо ҷудо кардани қитъаи замин барои боғдорӣ ва полезкорӣ; - додани қарзҳои имтиёзнок барои хариди чорвои калони шохдори ширдеҳ ё бунёди 20 оилаи занбӯри асал. 2. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар якҷоягӣ бо Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ҷудо намудани қитьаи заминро мувофиқи имтиёзҳои муқаррарнамудаи банди 1 ин қарор ҳал намоянд. 3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки давлатии "Амонатбонк" тартиби додани қарзҳои имтиёзнокро тибқи банди 1 ин қарор таҳия ва тасдиқ намоянд». 
Чи тавре ки аз санади мазкур бармеояд, ҷудо намудани замин барои омӯзгорони ҷавон ба салоҳияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо вогузор шудааст ва ин кор тибқи рӯйхати пешниҳодкардаи шуъбаву раёсатҳои маориф бояд баррасӣ ва ҳал шавад. Маълум мешавад, ки Саймуддин Файзуллоев 18.10. 2017 ба муовини аввали раиси ноҳияи Кӯшониён (Бохтар) дар бобати гирифтани замин ариза навиштааст, аммо зикр накардааст, ки тибқи фармони шуъбаи маориф ба кадом мактаб ҳамчун муаллим фиристода шудааст. Бале, дар ин бобат масъули ҷамоати шаҳраки «Бӯстонқалъа» низ бемасъулиятӣ зоҳир кардааст ва ба муаллим тибқи нишондоди муовини аввали раиси ноҳия ҳуқуқу имтиёзҳои ӯро фаҳмонда надодааст. Омӯзгори ҷавон С. Файзуллоевро зарур аст, ки нахуст, масъалаи ҷойи кори худро ҳал карда, сипас, аз масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ҷойи зист имтиёзҳои  барояш муқарраршударо талаб намояд. Дар ин масъала мушкилоте мавҷуд нест.
Маркази матбуоти Вазорати маориф 
ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон