Муаллимон ҳамеша дастгирӣ меёбанд

09-03-2018
(Ҷавоб ба хабари «Группа поддержки» надорем»-и Саттор Бобохонов, «СССР», 15 феврали соли 2018)
Дар ин хабараш ба нашрияи «СССР» омӯзгори собиқадор Саттор Бобохонов аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мавзӯеро, ки дар шумораи пешина бардошта буд- ҷасорати муаллим пайгирӣ намудааст. Аммо аз чӣ бошад, ки ин масъаларо ба пулҷамъкунӣ низ вобаста медонад. Ҳол он ки ин ҳодисаи нангин имрӯз қариб аз байн рафтааст ва  ҳама гуна ҷамъ кардани маблағ тавассути волидон бо пур кардани ҳуҷҷатҳои махсус анҷом дода мешаванд. Баъдан, мавҷуд будани ин падидаи нораво танҳо дар байни муаллимони ҷавон ба ҳақиқат дуруст намеояд. Муаллими бовиҷдон ва ба қавли шумо «ҷасур»-ро ҳеҷ кас ба пул ҷамъ кардан маҷбур карда наметавонад. Ҳамчунин, он ки омӯзгор пушту паноҳ надошта, рисолати худро аз даст додааст, воҳимае беш нест. Маълум мешавад, баъзеҳо ба ҷойи кор ҳарфи зиёдро дӯст медоранд ва хонандагони сершумори нашрияҳо, аз ҷумла «СССР»-ро бо хабарҳои носанҷидаву воҳимаангезашон ба иштибоҳ меандозанд.
Боварӣ дорем, ҳафтаномаи хонданӣ ва дӯстдоштаи «СССР» минбаъд ҳам масъалаҳои муҳимму саривақтии соҳаи маорифро ба миён мегузорад ва баҳри рушду нумуи ин соҳаи афзалиятноки ҷомеа саҳмгузор мегардад.
Маркази матбуоти Вазорати маориф 
ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон