Муаллими боҷасорат ҳамеша ҳаст

05-03-2018
(Ҷавоб ба хабари «Ҷасорати муаллим куҷо шуд?»-и Саттор Бобохонов, «СССР», 8 феврали соли 2018)
Таваҷҷуҳи омӯзгори собиқадор Саттор Бобохонов аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оид ба симои муаллими имрӯза, ҷойю мавқеи ӯ дар ҷомеа моро мамнун мегардонад. Дар ҳақиқат, омӯзгор дар замони Шӯравӣ аз қадру манзалат ва имкониятҳои зиёд бархурдор буд, хусусан, дар деҳот бологузари маъракаҳо буд, музди кораш барояш басандагӣ мекард ва эҳтиёҷ ба дарёфти кори иловагӣ надошт. Аммо фаромӯш набояд кард, ки ҷомеаи Ҷумҳурии Тоҷикистон харобиҳои ҷанги шаҳрвандиро паси сар кард ва ин нооромиҳо аз ҳама бештар ба соҳоти иҷтимоӣ: маориф ва тандурустӣ таъсир расонид. Бо вуҷуди ин, дар давоми як даҳсола дар кишвари соҳибистиқлоли мо он қадар бинои нави дабистон ва синфхонаҳо сохта шуданд, ки дар тамоми муддати даврони Шӯравӣ сохта нашуда буданд. Ин каст, ки ба андешаи омӯзгори собиқадор дар бораи он ки ҷасорати омӯзгори имрӯза аз ҷасорати муаллими замони пеш паст аст, розӣ буда наметавонем. Муаллимони ҷасур дар ҳама солу замона ҳастанд ва онҳо масъалаҳои умдаю муҳимми соҳаи маорифро ба миён бардошта, худ дар ҳалли онҳо ҳиссагузор мешаванд. Баъдан, он ки баъзе муаллимон ба деҳқонӣ, тиҷорат ё кори дигар машғул мешаванд, маънои камбизоатии онҳоро надорад, ин талаботи зиндагист. Имрӯз дар шароити иқтисоди бозаргонӣ омӯзгор метавонад бо мақсади беҳбуд бахшидани зиндагӣ ва таъмини маишату талаботи хеш ба машғулияти иловагӣ шуғл варзад. Дар мавриди гӯё ба пулҷамъкунӣ машғул будани муаллим низ андешаи Саттор Бобохонов ба ҳақиқат рост намояд. Зеро далелҳои алоҳида вазъи пурраи маорифро ифода карда наметавонанд.
Боварӣ дорем, ҳафтаномаи хондании «СССР» минбаъд ҳам масъалаҳои муҳимму саривақтии соҳаи маорифро ба миён гузошта, баҳри рушду нумуи ин соҳаи афзалиятноки ҷомеа саҳмгузор мегардад.
Маркази матбуоти Вазорати маориф 
ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон