Маориф фасодзода нест

09-03-2018
(Ҷавоб ба хабари сомонаи «Азия+» «Вазорати маориф фасодзадатарин ниҳод дониста мешавад», муаллиф Аваз Юлдошев)
 
Чунин ҳарфи вақтҳои охир расмшуда, ки фалон ниҳод фасодзадатарин аст, ҳақиқати ҳолро ифода карда наметавонад. Аз ҷумла, бори охир сомонаи «Азия-плюс» боз аз чунин сарлавҳа истифода бурдааст: «Вазорати маориф фасодзадатарин ниҳод дониста мешавад». Муаллиф Аваз Юлдошев зикр мекунад, ки «Аз рӯйи натиҷаҳои соли гузашта фасодзадатарин ниҳоди давлатии Тоҷикистон Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ дониста шудааст». Ин ҳарфҳо воҳимае беш нест, чунки ба ҳақиқат рост намеояд. Мухбир дар ин бобат ба нишасти матуботии дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия истинод карда, зикр мекунад, ки «кормандони Вазорати зикршуда дар 70 ҳолат ба ҷиноятҳои коррупсионӣ даст задаанд, ки аз ҷониби Агентӣ ошкор шудааст». Ба таваҷҷуҳи мухбир мерасонем, ки на дар соли 2017 ва на солҳои қаблӣ ягон нафар корманди Вазорати маориф ва илми кишвар ба ҷинояти коррупсионӣ даст назадааст ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҳам кашида нашудааст. 
Ин иштибоҳи ҳамешагист, ки бисёр вақт соҳаро аз вазорат фарқ намекунанд. Аз ҷумла, вақте мегӯем, барои соҳа имсол зиёда аз 3,8 млрд. сомонӣ маблағ ҷудо шудааст, бояд дар назар дошт, ки ҳамаи ин маблағ дар ихтиёри Вазорати маориф ва илм нест, танҳо 12 дарсад дар ихтиёри маориф мемонад, ки он ҳам асосан пардохти музди кор мебошад, боқимонда аз тарафи сохторҳои дигар истифода мешавад. Ҳатто на ҳамаи муассисаҳои таълимии зинаҳои гуногун дар ихтиёри Вазорати маориф ва илм мебошанд. Вазорати мазкур танҳо сиёсати давлатиро дар соҳаи маориф амалӣ месозад, истифодаи маблағҳои ҷудошуда дар ихтиёри вазорату кумитаҳои дигар ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии сатҳҳои гуногун мебошад. Аммо, мутаассифона, ҳам дар варақаи иттилоотии нишасти матбуотии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва ҳам хабари сомонаи «Азия-плюс» омадааст, ки «кормандони сохторҳои Вазорати маориф ва илми кишвар» ва «кормандони Вазорати зикршуда  дар 70 ҳолат ба ҷиноятҳои коррупсионӣ даст задаанд». 
Ин нуктаро ҳам ба таваҷҷуҳи муаллиф мерасонем, ки тибқи маълумотномаи натиҷаи тафтишу санҷишҳои молиявии муассисаҳо, ки аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, ки ба Вазорати маориф ва илм пешниҳод шуда буд, дар самти пешгирии коррупсиония ва амалҳои ба он монанд 128 муассисаи таълимии гуногун мавриди санҷиш қарор дода шудааст. Аз 128 муассисаи таълимии зикршуда танҳо 15 муассиса зертобеи Вазорати маориф ва илм, 10 муассисаи таълимӣ ба вазорату идораҳои дигар ва 103 муассисаи таълимӣ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои гуногуни ҷумҳури мансуб мебошанд. 
Бояд қайд кард, ки зимни санҷиш дар 15 муассисаи зертобеи вазорат зарари молиявӣ ба андозаи 4250720 сомонӣ ошкор гардида буд, ки маблағӣ 2242546 сомонӣ аз ҳисоби рӯйпуш намудани андозҳо ва кам ҳисоб намудани онҳо дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ буд ва ин маблағ дар аввали сол пурра ба буҷет пардохт гардид. Маблағи боқимондаи 2008174 сомонӣ ба 14 муассисаи боқимонда тааллуқ дошт, ки он танҳо аз ҳисоби андозҳои пардохтнагардида ба миён омада буд ва ҳамаи он саривақт бартараф карда шуд.
Ҳарчанд дар варақаи иттилоотии нишасти матбуотии Агентӣ Вазорати маориф ва илми кишвар «ниҳоди фасодзадатарин» номида нашудааст, аз чӣ бошад, «Азия-плюс» ба хабари худ «Вазорати маориф фасодзадатарин ниҳод дониста мешавад» сарлавҳа гузоштааст.  Илова ба ин, дар ин хабарҳо омадааст, ки дар бахши бонкӣ 408 (дар «Азия-плюс»- 390) ҷиноят ба қайд гирифта шудааст. Ин дар ҳолест, ки сохтори бонкӣ дар ҷумҳурӣ аз соҳаи маориф хеле хурд аст ва рақами 70 дар назди 390 хеле кам аст ва агар бо назардошти ҳаҷм ва ҳисоби фоиз гирем, соҳаи маориф ҳеҷ гоҳ «ниҳоди фасодзадатарин» набояд дониста шавад.
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мубориза бурдан бо бемории ҷомеаи муосир-коррупсия ва пурра аз байн бурдани он тамоми чораҳои заруриро меандешад. Аз ин рӯ, мо низ аз ҳамкасбони худ, хоса, хабарнигорон хоҳиш менамоем, дар истифодаи истилоҳҳо ҳақиқат ва мантиқро риоя кунанд ва сохторро аз соҳа фарқ намоянд. 
 
Маркази матбуоти Вазорати маориф 
ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон