Чаро коэффитсиенти баланкӯҳӣ ҷорӣ нашуд

22-01-2019
Ҷавоб ба муроҷиати шаҳрвадони деҳаи Рошорви ноҳияи Рушони ВМКБ, ки бо номи «Чаро коэффитсиенти баланкӯҳӣ ҷорӣ нашуд», ки 15-уми марти соли 2018 дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» рӯи чоп омадааст.
 
Вобаста ба пешниҳоди мазкур иттилоъ медиҳем, ки бо супориши бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тағйиру иловаҳо ба ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми майи соли 2014, №303 «Дар бораи коэффитсиентҳои баланкӯҳӣ ва ҷойҳои беоб ва биёбон» ворид карда шуд. Дар баробари дигар деҳаҳо ва ҷамоатҳои деҳоти ВМКБ, ки баландиашон аз сатҳи баҳр аз 3000 метр баланд мебошанд, деҳаи Рошорви ноҳияи Рушон ба коэффитсиенти баландкӯҳии ноҳия Мурғоби ВМКБ баробар карда шудааст. Аз ҷумла, тибқи замимаи 1-и қарори мазкур, сархати 3 деҳаи Рошорви ҷамоати деҳоти Савноби ноҳияи Рушони ВМКБ, ки баландиаш 3180 метр мебошад, ба коэффитсиенти баланкӯҳии 30% шомил мешавад.
Дар баробари Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои таъмини иҷрои босифати қарори мазкур ҳамаи вазорату идораҳои дахлдор ва мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ муаззаф мебошанд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки ҷиҳати иҷрои қарори мазкур чораҳои дастаҷамъӣ андешида шавад.
 
Маркази матбуоти Вазорати
маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон