Баҳсҳои сатҳӣ чаро?

26-03-2018
(Ҷавоб ба мақолаҳои «Инқилоби мӯд»-и Нуралӣ Карим ва «Кай аз миён боло меравем»-и Хайёми Сарахон, «Фараж», 14 феврали соли 2018)

Хуб аст, ки ҷавонони навқалам ба масъалаҳои доғи рӯз рӯ оварда дар ин бора фикру андеша баён мекунанд. Аммо ин маънои онро надорад, ки масъалаеро дону нодон ба миён гузошта, хости дили хешро баён созанд. Аз ҷумла ҳар ду мақолае, ки дар шумораи 14 феврали соли 2018 дар мавриди одоби либоспӯшӣ дарҷ гардидаанд, аз ҷумлаи чунин нигоштаҳоянд. Аз ҷумлаҳои аввал то охир ва хулосаҳои муаллифон парешон, сарсарӣ ва мантиқан хато мебошанд. Кай ва бо кадом унвон фармони вазири маориф ва илм дар бораи ба истиқболи Наврӯз пӯшидани либоси атлас ба тасвиб расидааст, фақат ба муаллифи мақола Нуралӣ Карим маълум асту бас. Ба таваҷҷуҳи муаллиф мерасонем, ки дар бораи либосҳои тавсиявии толибилмон «Дастурамали либосҳои тавсиявии хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ» ҳанӯз соли 2007 ба тасвиб расида буду он соли 2017 дар таҳрири нав чоп шуд, ки ин як падидаи умумӣ дар тамоми ҷаҳон аст ва ҳеҷ ҷойи аҷобат надорад ва хонандагони рӯзномаро бо хаёлҳои хоми худ набояд ба иштибоҳ андохт. Нуралӣ Карим чунон ба хаёлот дода мешавад, ки аз номи Аҳмади Дониш низ як иқтибос овардааст, ки ба сабку услуб ва мазмуни ҷумлаҳои ин донишманди классики тоҷик наздикӣ надорад.
Хуллас, чунин бофтаҳои пеши худ дар нигоштаи қаламбадасти ҷавони дигар Хайёми Сарахон низ ба чашм мерасанд. Ҳар ду навишта зери рубрикаи «Баҳс» чоп шудаанд, аммо ба ғайр аз хаёли хом чизе нестанд. Ин муаллиф менигорад, ки: «агар ба сатҳи дониши ман аҳамият диҳед, коре кунед, ки муаллимон пуламро неву донишамро ба назар гиранд, ман тағйир меёбам» ва ба ҳамин монанд афкору ҷумлаҳои бесарунӯг. Инсоф кунед, бародар, кадом устод, агар чунин бошад, аз донишҷӯи босавод пул хост?! Шогирди босавод ифтихори ҳама гуна устод аст. Ҳамон муҳассиле ба ивази дониш маблағ пешниҳод мекунад, ки дар бӯттааш  чизе надорад.
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама гуна дархосту пешниҳодҳоеро, ки ба манфиати коранд ва ба рушди соҳа нигаронда шудаанд, дастгирӣ менамояд. Аммо баҳсу мунозираҳои беҳударо, ки камоли камтаҷрибагии муаллифон аст, сарфи назар менамояд.