Ба сармуҳаррири ҳафтаномаи «Фараж» Фазлиддин Асозода

02-02-2018
Сохтмони мактаб дар нақша аст
(Ҷавоб ба мақолаи «Мактаби садамавии Боғча»)
 
Солҳои истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ зиёда аз 2500 бинои муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ сохта ба истифода дода шудааст. Дар муқоиса шумораи сохтмону бунёди мактабҳо дар соли 1992 17 адад, соли 2013 251 ададро ташкил медиҳад. Ҳамчунин, соли 2016 201 ва соли сипаришуда 130 бинои муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назди таълимгоҳҳо сохта ва азнавсозӣ гардиданд. Аз он ҷумла, дар шаҳри Панҷакент, ки сокинони деҳаи Боғча аз ҳолати садамавии МТМУ №70 хабар додаанд, соли хониши 2016-2017 муассисаи таълимии №71 барои 536 ҷойи нишаст ба маблағи 12 миллиону 661 ҳазор сомонӣ ва МТМУ № 61 барои 240 ҷойи нишаст ба маблағи 3 миллиону 244 сомонӣ сохта ва ба истифода супурда шуд. Ҳамзамон, 34 синфхона ва биноҳои иловагӣ дар муассисаҳои №18, 56, 73, 74, 81 ва 90 ба тариқи ҳашар ва аз ҳисоби дигар сарчашмаҳо сохта ва имрӯзҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор доранд.
Дар мавриди муассисаи таълимии зикршуда бояд гуфт, ки аз номи омӯзгорони МТМУ №70-и шаҳри Панҷакент ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ариза ворид гардида буд. Сохтмони таълимгоҳи мазкур ба рӯйхати пешакии сохтмони муассисаҳои таълимӣ аз ҳисоби Фонди қувайтӣ дохил карда шудааст. Дар сурати дарёфти маблағ бинои муассисаҳои ба нақша воридгардида марҳила ба марҳила сохта мешаванд.
 
Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми   
Ҷумҳурии Тоҷикистон