Ҷавоб ба мақолаи «Рисолати муаллим аз даст рафт?» - и Исматулло Собирӣ («СССР», аз 10.06.2021, №23 (664))

24-06-2021
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи «Рисолати муаллим аз даст рафт?» - и Исматулло Собирӣ («СССР», аз 10.06.2021, №23 (664)) -ро мавриди баррасӣ қарор дода, иттилоъ медиҳад, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати давлатиро дар соҳаи маориф ва илм, аз ҷумла таълиму тарбияи томактабӣ, таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ, миёна, олии касбӣ, таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ, таҳсилоти иловагӣ ва фаъолияти илмию тадқиқотӣ татбиқ намуда, тибқи Дастурамали либосҳои тавсиявӣ низоми ягонаи либосҳои хонандагонро назорат карда, хариду фурӯши либосу пойафзоли хонандагонро ба уҳда надорад. 
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба хариду фурӯши либоси мактабӣ борҳо тавассути расонаҳо ва шабкаҳои иҷтимоӣ эълон дошта буд, ки шуъбаҳои маориф танҳо масъуланд, ки омори хонандагони эҳтиёҷманд ба либоси мактабиро ҷамъоварӣ карда ба ниҳодҳои дахлдор пешниҳод намояд. Ҳамзамон, тибқи санадҳои дахлдор, аз ҷумла дастурҳои Сарвазири мамлакат аз 01.07.2020, 23.12.2020, ва 31.12.2020,  протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.01.2021 Вазорати саноат ва технологияҳои нав уҳдадор шудааст, ки фаъолияти корхонаҳои дӯзандагиро назорат намуда, ҷиҳати таъмин намудани хонандагон бо либосҳои ягонаи мактабӣ чораҳои дахлдор андешад. Инчунин, Иттифоқи “Тоҷикматлубот” ва мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд, ки дар бозорҳо,марказҳои шаҳру ноҳия ва ҷамоатҳо нуктаҳои ройгони алоҳидаро барои баргузор намудани ярмаркаи фурӯши либос ва дигар маводи зарурии мактабӣ ташкил намоянд, то волидону хонандагон тавонанд ба таври озод либос ва дигар маводи лозимаи хонишро ба хости худ аз истеҳсолкунандагони ватанӣ харидорӣ намоянд.
Омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф вобаста ба хариди либоси ягонаи мактабӣ аз корхонаҳои истеҳсолии ватанӣ дар корҳои фаҳмондадиҳӣ ва бурдани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ фаъолона иштирок намуда, ҷиҳати дастгирӣ намудани соҳибкорони ватанӣ мусоидат хоҳанд кард, аммо ба хариду фурӯши либоси ягонаи мактабӣ муваззаф нагардидаанд. Ин нуқта ҳам ба сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо борҳо таъкид шудааст, ки ба хариду фурӯши либоси мактабӣ дар мактабҳо хотима бахшанд. Ҳамчунин, омӯзгорон вазифадор нестанд, ки барои театру таъмир ва дигар корҳо пул ҷамъ намоянд, чунки рисолати азалии омӯзгор додани таълим ба насли наврас аст.
Вобаста ба мавзӯи дигари дарҷкардаи муаллиф бояд қайд кард, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Иттифоқҳои касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар моҳ қарздории музди меҳнати кормандони соҳаи маорифро ҷамъбаст намуда, ҷиҳати сари вақт пардохт гардидани он аз ҷониби раёсату шуъбаҳои молия дар шаҳру ноҳияҳо ба унвонии Вазорати молия ва дар ҳолатҳои дахлдор ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мактуби дархостӣ ирсол менамояд.
 
Маркази матбуоти 
Вазорати маориф ва илми 
Ҷумҳурии Тоҷикистон