Ҷавоб ба мақолаи “Оё дар озмуни Фурӯғи субҳи доноӣ адолат буд?”, ки дар ҳафтаномаи “Фараж “ (№4, аз 20.01.2021) чоп гардид.

05-02-2021
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи Давлатшоҳ Маҳмудов, омӯзгори ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ зери унвони “Оё дар озмуни Фурӯги субҳи доноӣ адолат буд?”, ки дар ҳафтаномаи “Фараж” ба нашр расид, мавриди баррасӣ қарор дод.
Ба маълумоти Шумо  мерасонем, ки Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз «5» феврали соли 2020, №АП-1339) ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти лавлатии Ҷумҳурии Тоҷикисон дар соли 2020 баргузор гардид. Низомнома, ҳайати комиссия, ҷоизаҳои озмун ва рӯйхати адабиёти тавсияшаванда тасдиқ карда шуда, дорои (замимаҳои 1,2,3,4) мебошад. Мувофиқи банди 3-и Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулият барои дар сатҳи баланд доир гардидани озмуни мазкур бар дӯши вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, кумитаҳои телевизион ва радио, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, Китобхонаи миллии Тоҷикистон вогузор шудааст. 
Дар ин замина барои иҷрои дастуру супориши Роҳбари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулон барои дар сатҳи баланд ва шаффоф гузаронидаи озмуни мазкур тамоми чораҳоро андешиданд. Ҳамзамон, барои таъмини шаффофият ҷиҳати ба таври мустақим дидани рафти баргузории озмун дар толорҳо камераҳои назоратӣ гузошта шуда буданд ва инчунин, тавассути оинаҳои нилгун дар толорҳои алоҳида падару модарон ва омӯзгорони иштирокчиён рафти озмунро тамошо ва пайгирӣ карданд. Илова ба ин, комиссияи апеллятсионӣ таъсис ёфта буд, ки тамоми дархосту шикояти иштирокдоронро баррасӣ мекард.
Баргузории ин озмуни ҷумҳуриявӣ соли дуввум буда, бо боварии комил метавон гуфт, ки барои даврҳои минбаъда пешниҳоду эродҳои устодон,  аҳли илм ва ҳар шаҳрванди кишвар ба назар гирифта мешавад. 
Мавриди қайд аст, ки мақсад аз баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти нерӯи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои наву сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар мебошад.
 
Маркази матбуоти 
Вазорати маориф ва илми 
Ҷумҳурии Тоҷикистон