Ҷавоб ба мақолаи «Маорифи Ховалинг: Барномаи давлатӣ кай иҷро мешавад?» - и Суннати Содиқ («Ҷумҳурият», аз 03.09.2021, №176)

10-09-2021
 
Шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг мақолаи «Маорифи Ховалинг: Барномаи давлатӣ кай иҷро мешавад?» - и Суннати Содиқ («Ҷумҳурият», аз 03.09.2021, №176)-ро мавриди баррасӣ қарор дода, иттилоъ медиҳад, ки оид ба ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дар фаъолияти муассисаҳои таълимии ноҳия тадбирҳои зарурӣ андешида шуд. 
Қобили қайд аст, ки рафти иҷрои “Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таълимӣ барои солҳои 2018-2022” дар муассисаҳои таълимии №14, 18 ва 21 вобаста ба шароиту имкониятҳо амалӣ шуда истодааст.
Рафти амалигардонии Барномаи компютеркунонии муассисаҳои таълимии ноҳия баъди ба чоп расидани мақолаи мазкур мавриди санҷиши раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон қарор дода шуд. Шуъбаи маорифи ноҳия натиҷаи санҷишҳои номбурдаро мавриди иҷро қарор дода, оид ба бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта нақшаи чорабиниҳои  мушаххас таҳия намуд.
Бояд гуфт, ки тибқи талаботи Барномаи компютеркунонии муассисаҳои таълимӣ, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо технологияи нави иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ зина ба зина ҳалли худро ёфта истодааст.
Айни замон муассисаҳои таълимии ноҳияи Ховалинг бо 469 компютер, 34 тахтаи электронӣ ва видеопроектор, 106 принтер ва 11 генератори барқӣ таъмин мебошанд. Дар давоми сол зиёда аз 50 адад компютерҳои аз кор монда таъмиру барқарор карда шуданд ва дар ин самт корҳо идома дорад.

Маҳмадназар Амирсаидов,
мудири шуъбаи маорифи н. Ховалинг