Ҷавоб ба мақолаи «Ховалинг. Барномаи давлатӣ кай иҷро мешавад?» - и Суннати Содиқ («Ҷумҳурият», аз 19.01.2022, №14)

28-01-2022
Шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг мақолаи «Ховалинг. Барномаи давлатӣ кай иҷро мешавад?» - и Суннати Содиқ («Ҷумҳурият», аз 19.01.2022, №14)-ро мавриди баррасӣ қарор дода, иттилоъ медиҳад, ки муассисаи таълимии №14-и ноҳияи Ховалинг аз маркази ноҳия дар масофаи 18 км дар деҳаи Навруҳҳои ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ ҷойгир мебошад. 
Муассисаи таълимӣ дар бинои якошёна, ки сохтмонаш ба соли 1989 рост меояд, фаъолият мекунад ва аз 7 синфхона иборат буда, 120 хонанда дар ду баст ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст. Ба хонандагон 17 нафар омӯзгор таълиму тарбия медиҳанд. 
Вобаста ба шароиту имкониятҳо вазъи таълиму тарбия дар муассиса дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст. 
Дар муассиса ҷиҳати таъмини иҷрои “Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таълимӣ барои солҳои 2018-2022”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2017, таҳти №443 тасдиқ шудааст, корҳои муайян амалӣ гардидааст. 
Аз ҷумла, муассиса дорои 9 адад компютери дар ҳолати корӣ қарордошта мебошад, ки тибқи талаботи боби 5-и Барнома (таносуби воқеии дастрасии 1 компютер ба 2 хонанда ҳангоми таълим дар ҷараёни дарс) пурра мутобиқат мекунад. 
Дар муассисаи таълимии №21-и деҳаи Кулдараи ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ, ки дар бинои нав фаъолият мекунад, шумораи компютерҳои мавҷуда дар ҷараёни таълим ба хонандагон аз рӯи меъёр (яъне дар синфҳои аз 5 боло, ки дарси компютер омӯзонида мешавад) дастрас мебошад. 
Алҳол муассисаҳои таълимии ноҳия бо 474 компютер, 105 принтер, 20 тахтаи электронӣ ва 20 проектор таъмин мебошанд. 
Бояд гуфт, ки дар соли таҳсили 2021-2022 28 адад компютер ва 17 адад принтер тавассути маблағгузории ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва аз буҷети ноҳия харидорӣ гардида, таъмини талаботҳои “Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таълимӣ барои солҳои 2018-2022” ҷиҳати бо компютерҳо ва дигар воситаҳои технологияи инноватсионӣ таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ зина ба зина ҳалли худро ёфта истодааст.
 
Маҳмадназар Амирсаидов,
мудири шуъбаи маорифи н. Ховалинг