Ҷавоб ба мақолаи «Хатлон. 500 ҳазор кӯдак аз тарбияи томактабӣ маҳрум аст. Чӣ бояд кард?!» - и Муҳаммад Саидвалӣ («Ҷумҳурият», аз 03.03.2021, №46)

17-03-2021
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи «Хатлон. 500 ҳазор кӯдак аз тарбияи томактабӣ маҳрум аст. Чӣ бояд кард?!» - и Муҳаммад Саидвалӣ («Ҷумҳурият», аз 03.03.2021, №46)-ро мавриди баррасӣ қарор дода, иттилоъ медиҳад, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 156 муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо фарогирии 16268 нафар ва 826 Маркази инкишофи кӯдак бо фарогирии 22574 нафар кӯдак фаъолият менамояд. Дар маҷмӯъ, фарогирии кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ ва марказҳои инкишофи кӯдаки вилоят 38842 нафарро ташкил медиҳад. Дар муқоиса бо соли 2017 муассисаҳои томактабӣ 3 адад, марказҳои инкишофи кӯдак 24 адад ва шумораи кӯдакон 1669 нафар зиёд гардидааст.
Тавре масъули Вазорати маориф ва илм дар маќола зикр кардааст, гарчанде шумораи муассисаҳои томактабӣ, марказҳои инкишофи кӯдак ва шумораи кӯдакон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят афзуда бошад ҳам, вале масъалаи фарогирии кӯдакон ба зинаи таҳсилоти томактабӣ дар умум боиси нигаронӣ боқӣ мемонад. Мавриди зикр аст, ки фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ ва марказҳои инкишофи кӯдак дар ҳудуди вилоят 9,4%-ро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ 16268 нафар (4,3%) ва дар марказҳои инкишофи кӯдак 22574 нафар (дар назди муассисаҳои таълимӣ) ё 5,1%-ро ташкил медиҳад. 
Ин нишондиҳанда аз ҳисоби миёнаи фарогирии кӯдакон дар ҷумҳурӣ (15,4%) камтар аст. Агар масъалаи фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабии  шаҳрҳои  Бохтар, Кӯлоб, ноҳияҳои Фархор, Ҷалолидини Балхӣ ва Кушониён то андозае хуб бошад, вале дар ноҳияҳои Дӯстӣ, Ҷайҳун, Ховалинг, Шамсиддини Шоҳин, Балҷувон, Мӯъминобод, Темурмалик, Хуросон ва Ⱪубодиён масъалаи мазкур бо назардошти эҳтиёҷоти мардум ва талаботи давлат нигаронкунанда боқӣ мемонад. 
Бо мақсади фароҳам овардани шароити  беҳтари фарогирии  кӯдакон ба низоми муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ бо назардошти эҳтиёҷоти мардум ва талаботи давлат мутобиқ бо нақшаи бунёд ва таъмир вобаста ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят сохтмони 35 муассисаи  таҳсилоти томактабӣ ва таъмиру азнавсозии 16 муассисаи  томактабӣ  дар назар дошта шудааст. Ҳамчунин, мутобиқ бо талаботи “Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025” ҳамасола  дар шаҳру ноҳияҳои вилоят сохтмони 40 адад муассисаи томактабӣ ва ташкили 2278 гурӯҳҳои марказҳои инкишофи кӯдак дар назар аст. 
Таъмини вариантнокии мазмун, шакл ва усулҳои таҳсилоти томактабӣ аз мавзӯъҳои асосӣ дар низоми таҳсилоти томактабӣ боқӣ мемонад. Бо ин мақсад, таъсиси кӯдакистонҳои хусусӣ, кӯдакистонҳои назди ташкилоту идораҳо, марказҳои инкишофи кӯдак дар ҷумҳурӣ рӯ ба беҳбудӣ овардааст. Таъсиси кӯдакистонҳои хусусӣ, ба роҳ мондани ҳамкории зич бо сектори хусусӣ ва таъмини раванди муътадили шарикии давлат бо бахши хусусӣ метавонад ба фарогирии бештари кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ мусоидат намояд. 
Вобаста ба мустаҳкам намудани пояҳои моддӣ-техникии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ҳамасола маблағҳо дар доираи буҷет ҷудо мегарданд. Харидории компютерҳо, телевизор, асбобҳои видеоию визуалӣ, таҷҳизот барои толору гурӯҳҳо ба роҳ монда мешавад. Вале бояд иқрор шуд, ки ин корҳо низ қаноатбахш нестанд. Сохтмони кӯдакистонҳо ва таъсиси маркази инкишофи кӯдак ҳоло ҳам ба талабот ҷавобгӯ нест. 
Бар зимни ин, як қатор биноҳои кӯдакистонҳо ба ихтиёри дигар сохторҳо дода шуда ва ё хусусӣ гардонида шудаанд. Вобаста ба ин масъала, борҳо дар ҷаласаҳои корию машваратии Вазорати маориф ва илм ва ахиран дар ҷаласаи мушовараи сайёр, ки дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав баргузор гардид, ба тамоми мудирони шуъбаҳои маориф дастур дода шуд, ки ҷиҳати баргардонидани биноҳои ғайримақсаднок истифодашаванда бо мақомотҳои дахлдор корбариро ба роҳ монанд.  
Дар 13 шаҳру ноҳияи вилоят 19 кӯдакистон  фурухта ё ғайриқонунӣ хусусӣ гардонида шуда, беш аз 10 кӯдакистон  ба дигар сохторҳо ва 9 кӯдакистон ба муассисаҳои таълимӣ ва гимназия табдил дода шудаанд.
Ҷиҳати ҳалли ин мушкилот Вазорати маориф ва илм ба ниҳодҳои дахлдор ва раёсати маорифи вилояти Хатлон ба унвонии 13 раиси шаҳру ноҳияҳо мактуб ирсол намудааст. Ҳамчунин, бояд гуфт, ки аз 143 муассисаи томактабӣ (ба истиснои муассисаҳои томактабии хусусӣ)  47 адад дар ҳолати хуб,  77 адад таъмирталаб ва 11 адад дар ҳолати садамавӣ қарор доранд.
Дар назди раёсати маорифи вилоят ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо мушовирон оид ба таҳсилоти томактабӣ фаъолият мекунанд, ки дар баробари кумаки методӣ ба кормандони педагогии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, инчунин вохӯриҳо бо оилаҳое, ки кӯдакони синну соли томактабиро дар хона тарбия мекунанд, баргузор менамоянд. Ҳамчунин, Вазорати маориф ва илм бо ҳамкории шарикони рушд пайваста семинарҳои машваратӣ барои чунин оилаҳо доир намуда, маводи омӯзишӣ барои волидайн ва кӯдакони онҳо ройгон дастрас менамояд.
 
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон