ҲАНГОМАҲО ВОҚЕИЯТ НАДОРАНД! (Вокуниш ба мақолаи «Чиптаҳои консертро маҷбурӣ ба донишҷӯён мефурӯшанд»-и «Чархи гардун», №19 (1132) аз 9 майи соли 2018)

17-05-2018
Оид ба мақолаи «Чиптаҳои консертро маҷбурӣ ба донишҷӯён мефурӯшанд”, ки  дар ҳафтаномаи «Чархи гардун» нашр шудааст,   мехоҳем  изҳори андеша намоем. Дар он омадааст, ки чиптаи  консертҳоро ба донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар маҷбуран мефурӯшанд.  Худ қазоват кунед. Ба шахсе, ки мухлиси садои сарояндае нест, чӣ тавр чиптаи консерти ӯро маҷбуран мефурӯшанд.  
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар иртибот ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади саҳмгузорӣ дар рушди фазои иттилоотии кишвар робитаро бо воситаҳои ахбори омма, телевизион ва радиои давлативу  хусусӣ, муассисаҳои фарҳангӣ мустаҳкам намудааст. 
Санаи 24 апрели соли ҷорӣ аз номи роҳбари студияи «Суғдвидео»  мактуб оид ба саҳмгузорӣ дар харидории чиптаи консерти овозхон Далер Кутузов ва сарояндаи давлати ба мо дӯсту ҳамсояи Ӯзбекистон Далер Хонзода бахшида ба 73-юмин солгарди Иди Ғалаба ворид гардид. 50 адад чиптаи консерт низ ба мактуб замима буд. Бо назардошти ҳамкориҳо 50 адад чиптаи консерт барои харидорӣ пешниҳод гардид.  Мухлисон ва муштоқони сарояндагони номбурда, ки аз байни кормандону донишҷӯён пайдо шуданд, бо хушҳолӣ чиптаҳоро харидорӣ намуданд ва фориғ аз вақти кориву соати дарсӣ ба консерт иштирок карданд.  Ба ҳеҷ кас маҷбуран чипта фурӯхта нашудааст. 
Ин аст воқеияти билетфурӯшӣ. Пас, ҳангомаҳои беасос лозим нест!
Дар мақола аз номи донишҷӯён омадааст: «Донишҷӯён шикоят доранд, ки ба болои пули имтиҳонҳо чиптаҳои консерт сарбории дигаре ба ҷайби бе ин ҳам холии онҳо шудааст». Посухи мо ҳамин аст: дар иртибот ба таъмини ҳидоятҳои созандаи Сарвари давлат дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон  ба хотири беш аз пеш беҳтар ба роҳ мондани  раванди таълиму тарбия, баланд бардоштани савияи дониши мутахассисони ояндасози меҳан, таъмини пешрафти илм,  татбиқи усулҳои инноватсионӣ, робитаи илму истеҳсолот, вусъати тафаккури илмӣ – иттилоотӣ ва таъмини шаффофияти баргузории санҷишу имтиҳонот раванди автоматикунонии ҷараёни таълим татбиқ гардида, санҷишу имтиҳоноти  донишҷӯён пурра дар Маркази тестии донишгоҳ ба роҳ монда шудааст. Ин раванд намегузорад, ки донишҷӯ ба касе пул дода имтиҳон супорад, балки компютер бе гирифтани маблағ аз донишҷӯ имтиҳонро қабул карда, бо зудӣ натиҷаро пешниҳод мекунад. 
Ҳадафи фаъолияти ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ тарбияи донишҷӯён дар руҳияи худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва шаъну шарафи шаҳрвандӣ,  тарғиби ғояҳои ватандӯстӣ, эҳтиром ба анъанаҳои фарҳангӣ, ҳимояи дастовардҳои истиқлолияти Ватан, таъмин ва ҳифзи амнияти давлат, пешгирии зуҳуроти бегонашавӣ ва бегонапарастӣ, гаравиш ба ташкилоту созмонҳои ифротгаро асту бас. 
 
Раёсати Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, 
бизнес ва сиёсати Тоҷикистон