Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бурсияҳои Ҷумҳурии Озорбойҷон озмун эълон менамояд

05-02-2019
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттиллоъ медиҳад, ки Академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Озорбойҷон 5 бурсия   барои таҳсил  дар зинаи бакалавр ва магистратура ҷудо намудааст. Таҳсил, ҷойи зист ва суроғаи тиббӣ барои донишҷӯён ройгон аст.
Нишонии қабули ҳуҷҷатҳо: шаҳри Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода 47, Маркази барномаҳои байналмилалӣ,  (ҳар рӯз аз соати 14:00 то 17:00) суроғаи электронӣ: mbb-2008@mail.ru, телефон: +992(37)221-23-97, 223-23-57
Пешниҳоди ҳуҷҷатҳои номзадҳо то санаи 12-уми феврали соли ҷорӣ қабул карда мешавад.