ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

21-01-2019
Шуъбаи низоми ахборотии идоракунии соҳаи маориф ва илм
    Сармутахассиси шуъбаи низоми ахборотии идоракунии соҳаи маориф ва илм
    -1 ҷой, маоши мансабӣ -1200 сомонӣ;
    Раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ
     Сармутахассиси раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ
    -1 ҷой, маоши мансабӣ - 1200 сомонӣ.
 
Талабот ба довталабон
Ҳуҷҷатҳои зарурии пешниҳодшаванда:
-ариза ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ бо шакли дар замимаи 1 пешбинигардида; 
-варақаи баҳисобгирии кадрҳо;
-маълумотнома (объективка), хаттӣ ва электронӣ
-тарҷумаи (шарҳи) ҳол;
-4 дона расми 3х4;
-нусхаи шиноснома;
-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот (диплом);
-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ бо тасдиқи хадамоти кадрӣ;
-рақами мушаххаси андозсупоранда;
-маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038;
-маълумотномаи аз ВКД (оид ба доғи судӣ надоштан);  
-тавсиянома;
-нусхаи санҷиши изи панҷаҳои даст (дактилоскопӣ);
-нусхаи рақами суғуртаи иҷтимоии давлатӣ (РИС/СИН)
-маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, хизмати ҳарбиро адо намудаанд).
 
Талаботҳои тахассусӣ барои ишғолкунандагони мансабҳои 
холии маъмурии хизмати давлатӣ 
 
  1.Талаботи тахассусӣ барои мансаби сармутахассиси шуъбаи низоми ахборотии идоракунии соҳаи маориф ва илм - таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси иқтисодӣ ё  ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-малакаи озодона ҳарф задан ва навиштан бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ;
-малакаи кор  бо компютер, аз ҷумла барномаҳои Microsoft Office (Word, Power point, Excel).
2.Талаботи тахассусӣ барои мансаби сармутахассиси раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ - таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси гуманитарӣ ё  ихтисоси ба  мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
-малакаи озодона ҳарф задан ва навиштан бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷӣ афзалият дорад);
-малакаи кор  бо компютер, аз ҷумла барномаҳои Microsoft Office (Word, Power point, Excel).
 
        Нишонии қабули ҳуҷҷатҳо: шаҳри Душанбе, кӯчаи Нисормуҳаммад-13А, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон,  то 14 феврали соли 2019 (ҳар рӯз аз соати 14:00 то 17:00) дар раёсати кадрҳо ва корҳои махсус  - ҳуҷраи 400, 412, сомона: www.maorif.tj, суроғаи электронӣ: mort@maorif.tj  ва kadr@maorif.tj, телефон: 227-67-07, факс: 221.70.25 

Озмун  рӯзи 19 феврали соли 2019  соати 10:00  баргузор мегардад.