Латвия: қабули довталабон шурӯъ гардид

07-02-2019
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттиллоъ медиҳад, ки Ҷумҳурии Латвия барои таҳсил, гузаронидани тадқиқоти илмӣ ва иштирок дар мактабҳои тобистонаи донишгоҳҳои олӣ барои солҳои 2019-2020 қабули довталабонро тибқи бурсия ба роҳ мемонад. 
Ҷиҳати гирифтани маълумоти муфассал вобаста ба бурсияҳои таҳсили Ҷумҳурии Латвия  ба суроғаи электронии http://viaa.gov.lv/scholarships ва ё Маркази барномаҳои байналмилалӣ mbb-2008@mail.ru, телефон: +992(37)221-23-97, 223-23-57 (шаҳри Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода, 47) муроҷиат намоед. 
Муҳлати бақайдгирӣ то 1 апрели соли 2019.