ЭЪЛОН!

12-01-2019
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин қабули ҳуҷҷатҳоро барои иштирок дар озмуни бурсияҳои таҳсил дар Ҷумҳурии Мардумии Чин эълон мекунад. Бурсияҳо барои таҳсили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар курсҳои яксолаи забономӯзӣ, зинаҳои бакалавр, магистратура ва аспирантураи муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин дар соли таҳсили 2019-2020 пешниҳод карда шуданд.
Довталабон метавонанд аз 14.01.2019 то 28.01.2019 ҷиҳати гирифтани рӯйхати ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба Маркази Конфутсий дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Маркази Конфутсий дар шаҳри Бустон муроҷиат намоянд.
Бақайдгирии довталабон аз 1-уми феврали соли 2019 то 28-уми феврали соли 2019 тариқи онлайн дар Маркази Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Маркази Конфутсийи шаҳри Бустон баргузор хоҳад шуд.
Баргузории имтиҳонҳо рӯзҳои 9-10–уми марти соли 2019 дар сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар шаҳри Душанбе доир мегардад.