Даъватнома барои иштирок дар тендери чоп

23-02-2018
Бо мақсади дастгирии соҳибкорон, рушди ширкатҳои полиграфӣ ва дар дохили ҷумҳурӣ бо стандартҳои баланд чоп кардани “Дастур доир ба тарзи таълифи ЭССЕ” шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродиро барои ширкат дар озмун  бо тариқи иштироки номаҳдуд бо ҳуқуқи бастани қарордод оид ба чопи “Дастур доир ба тарзи таълифи ЭССЕ” даъват менамояд.
Тавсифи муфассали китобҳои  мазкур ва шартҳои қарордод, ҳамчунин расмиёти озмун дар ҳуҷҷатҳои тендерӣ зикр гардидааст, ки он ба ҳар кадом хоҳишманд аз ҳуҷраи-102 шуъбаи маркетинг, амвол ва хариди давлатии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби зерин пешниҳод карда мешавад: 
Баъд аз пардохти маблағи бебозгашти арзиши ҳуҷҷатҳои тендерӣ ба хазинаи Вазорати маориф ва илми (арзиши ҳуҷҷат 50 сомонӣ барои як лот). 
Муҳлати охирини қабули дархостҳо ва кушодашаваии лифофаҳо:  соати 1000  рӯзи 16 марти  соли 2018 дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо суроғаи шаҳри Душанбе кӯчаи Нисормуҳаммад 13а  муайян карда шудааст. 
Телефонҳо барои маълумот: 227-45-02;  
Ба диқати довталабон расонида мешавад, ки маблағи китобҳои мазкур пас аз чоп ва санади қабул пардохт карда мешавад.