Даъватнома барои иштирок дар озмуни харид

22-11-2018
Бо мақсади харидорӣ намудани барномаи антивирус, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродиро  барои ширкат дар озмун бо тариқи иштироки номаҳдуд бо ҳуқуқи бастани қарордод оид ба хариди барномаи антивирус даъват менамояд. 
Тавсифи муфассал ва шартҳои озмун дар ҳуҷҷатҳои тендерӣ зикр ёфтааст, ки он ба ҳар кадом иштирокчӣ бо дархости хаттии вай бо тартиби зерин пешниҳод карда мешавад: 
Баъд аз пардохти маблағи бебозгашт арзиши ҳуҷҷаҳои тендерӣ ба хазинаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (арзиши ҳуҷҷат 100 сомонӣ), аз тарафи шуъбаи маркетинг, амвол ва хариди давлатӣ (утоқи 102)  ҳуҷҷатҳои тендерӣ пешниҳод мегардад. 
Сана ва вақти кушодани дархост: 12 декабри   соли 2018 соати 0900  дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо суроғаи ш.Душанбе к.Нисормуҳаммад 13а
Шартҳои боқимонда ва маълумоти муфассал оид ба озмун дар ҳуҷҷатҳои тендерӣ дарҷ  гардидаанд.
Телефон барои маълумот: 227-45-02;