ВУСЪАТИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

11-09-2023
11 сентябри соли ҷорӣ ҳайати гурӯҳи кории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Гурҷистон вохӯрӣ доир намуд. Ҳайати намояндагиро аз ҷониби Ҷумҳурии Гурҷистон муовини вазири маориф ва илм Тамар Махарашвилӣ, сардорони департамент ва раёсату шуъбаҳои томактабӣ, миёнаи умумӣ, олии касбӣ, таҳияи нақшаву барномаҳои таълимӣ, муносибатҳои байналмилалӣ ва таҳсилоти фарогир муаррифӣ намуда, оид ба рафти татбиқи ислоҳоти соҳаи маорифи Гурҷистон суҳбат намуданд.
Сипас, ҳайати Тоҷикистонро муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода муаррифӣ намуда, ҷиҳати татбиқи бамароми ислоҳоти соҳаи маорифи кишвар, дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди соҳа ва дастуру тадбирҳои вазири маориф ва илм ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвар ибрози андеша намуд.