ВОХӮРИИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО САФИРИ ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН ДАР ТОҶИКИСТОН

26-07-2023
26 июли соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода бо сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон Сзи Шумин баргузор гардид.
Нахуст Раҳим Саидзода меҳмононро ба Вазорати маориф ва илм хушомадед гуфта, аз рушди ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар соҳаи маориф изҳори қаноатмандӣ намуд. Ҳамзамон, вазири маориф ва илм иброз дошт, ки ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин дар натиҷаи фаъолияти судманди ду ҷониб сол то сол рушд карда истодааст.
Дар навбати худ Сзи Шумин қайд намуд, ки вохӯрии имрӯза боиси вусъат пайдо кардани равобити дуҷониба дар оянда аст.
Гуфта шуд, ки ҳамкории дуҷониба дар соҳаи маориф ва илм бо Ҷумҳурии Мардумии Чин дар асоси Созишнома дар бораи ҳамкорӣ, дӯстӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин аз 15 январи соли 2007, Созишномаи байни Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф (1 феврали соли 2002), Протоколи иловагӣ ба Созишномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф (15 январи соли 2007) ба роҳ монда шудааст.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои зиёде, аз ҷумла, бурсияҳои таҳсилӣ, лоиҳаҳои муштарак дар самтҳои гуногуни соҳа, омӯзиши забони чинӣ, омӯзиши фарҳанги Тоҷикистон дар Чин ва равобити байни муассисаҳои таълимии ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар охир ҷонибҳо ба ҳамдигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.   



Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон