ВОХӮРИИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО САФИРИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ЭРОН ДАР ТОҶИКИСТОН

24-07-2023
24 июли соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода бо сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Муҳаммадтақии Собирӣ баргузор гардид.
Нахуст Раҳим Саидзода меҳмононро ба Вазорати маориф ва илм хушомадед гуфта, аз рушди ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар соҳаи маориф изҳори қаноатмандӣ намуд. Ҳамзамон, вазири маориф ва илм иброз дошт, ки вохӯрии имрӯза дар рушду тавсеаи ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар соҳаи маориф ва илм саҳми арзанда хоҳад гузошт.
Дар навбати худ Муҳаммадтақии Собирӣ қайд намуд, ки вохӯрии имрӯза боиси вусъат пайдо кардани равобити дуҷониба дар оянда аст.
Гуфта шуд, ки ҳамкорӣ дар самти маориф ва илм бо Ҷумҳурии Исломии Эрон дар асоси Тафоҳумномаи ҳамкориҳои фарҳангӣ, илмӣ ва омӯзишӣ байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг ва омӯзиши олии Ҷумҳурии Исломии Эрон аз 31 декабри соли 1996 ба роҳ монда шудааст.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои зиёде, аз ҷумла, бурсияҳои таҳсилӣ, лоиҳаҳои муштарак дар самтҳои гуногуни соҳа, сохтмони муассисаҳои таълимӣ ва шурои дифоъ барои ҳимояи корҳои илмӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар охир ҷонибҳо ба ҳамдигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.
                                                                                                                                                                                                               Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон