ВОХӮРИИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО САФИРИ ҶУМҲУРИИ ФАРОНСА

07-02-2024
7 феврали соли ҷорӣ дар толори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода бо сафири Ҷумҳурии Фаронса хонум Элза Пинёл баргузор гардид, ки дар он муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода, сардори раёсати муносибатҳои байналмилалӣ Фарух Худойдодзода ва намояндагони сафорати Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Нахуст Раҳим Саидзода иброз дошт, ки вохӯрии имрӯза худ далели рушду тавсеаи ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Фаронса дар соҳаҳои маориф ва илм аст. Гуфта шуд, ки ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф ва илм бо Ҷумҳурии Фаронса дар асоси Созишнома дар бораи ҳамкориҳои фарҳангӣ ва илмию техникӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Фаронса аз 4 августи соли 2003 ба роҳ монда шудааст ва ин ҳамкориҳо дар натиҷаи фаъолияти судманди ду ҷониб сол то сол рушд карда истодааст.
Дар навбати худ хонум Элза Пинёл омодагии ҷониби Фаронсаро ҷиҳати дар сатҳи хубтар ба роҳ мондани ҳамкориҳо иброз намуда, ба ҳамкории тарафҳо дар самти таҳсилоти олии касбӣ ва табодули таҷрибаву дониши донишҷӯёну устодон ишора кард.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои зиёде, аз ҷумла, бурсияҳои таҳсилӣ, лоиҳаҳои муштарак дар самтҳои гуногуни соҳа, омӯзиши забони фаронсавӣ ва равобити байни муассисаҳои таълимии ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон