ВОХӮРИИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО РОҲБАРИ НАМОЯНДАГИИ ТАШКИЛОТИ ЮСАИД ДАР ТОҶИКИСТОН

06-09-2023
6 сентябри соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода бо роҳбари намояндагии ташкилоти ЮСАИД дар Тоҷикистон Питер Ралий ва дигар коршиносони намояндагии ин ташкилот баргузор гардид.
Нахуст Раҳим Саидзода меҳмононро ба Вазорати маориф ва илм хушомадед гуфта, аз рушди ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ЮСАИД дар соҳаи маориф изҳори қаноатмандӣ намуд. Ҳамзамон, вазири маориф ва илм иброз дошт, ки ҳамкориҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ЮСАИД дар натиҷаи фаъолияти судманди ду ҷониб сол то сол рушд карда истодааст.
Дар навбати худ Питер Ралий қайд намуд, ки вохӯрии имрӯза боиси вусъат пайдо кардани равобити дуҷониба дар оянда аст.
Гуфта шуд, ки ҳамкории дуҷониба дар соҳаи маориф ва илм тибқи лоиҳаи “Биё, ҳамроҳ меомӯзем” сол то сол тақвият ёфта, то кунун ҷонибҳо ба натиҷаҳои назаррас ноил шудаанд.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои зиёде, аз ҷумла, курсҳои омӯзишӣ барои омӯзгорон, директорон, кормандони муассисаҳои таълимӣ, таҳияи китобҳо барои хонандагони синфҳои ибтидоӣ, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо маводҳои методӣ ва дигар масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Қобили зикр аст, ки ҳамкорӣ бо ташкилоту созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ татбиқи барномаву стандартҳои сатҳи байналмилалиро дар самти маориф таъмин намуда, дар рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, махсусан, соҳаи маориф ва илм яке аз омилҳои таъсиррасон ба ҳисоб меравад.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон