ВОХӮРИИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО ОМӮЗГОРОНИ ЗАБОНҲОИ РУСӢ ВА АНГЛИСӢ

07-02-2024
7 феврали соли равон дар толори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо омӯзгорони забонҳои русӣ ва англисӣ баргузор гардид.
Дар аввал вазири маориф ва илм зимни сухани ифтитоҳӣ иброз намуд, ки ҳадафи асосии вохӯрии имрӯза дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат андешидани чораҳои дахлдор дар беҳтар кардани омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ мебошад. Қайд гардид, ки дар раванди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, талабот ба мутахассисоне, ки забонҳои русӣ ва англисиро хуб медонанд, бо техника ва технологияи ҳозиразамон шинос ҳастанд, меафзояд. Бинобар ин, андешидани чораҳои самарабахш баҳри инкишоф ва рушди минбаъдаи шаклу усулҳои нави таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ ҳамчун воситаи муошират бо ҷомеаи башарӣ муҳим арзёбӣ мегардад.
Дар ин росто Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини муассисаҳои таълимӣ ба синфхонаҳои лингафонӣ, аз курсҳои такмили ихтисос гузаронидани омӯзгорони фанҳои забонҳои русӣ ва англисӣ ба таври фаврӣ ташкили маҳфилҳои забондон дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, беҳтар намудани фаъолияти марказҳои таҳсилоти иловагиро вобаста ба омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ ва ташкили гурӯҳҳои русӣ ва англисӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро роҳандозӣ намудааст, аммо дар баробари ин мо тасмим гирифтаем, ки таклифу пешниҳодҳои худи омӯзгорони забонҳои русӣ ва англисиро дар рафти машғулиятҳои дарсӣ истифода намоем.
Сипас аз ҷониби ҳозирин дар мавриди омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ пешниҳодҳои судманд карда шуд. Зулайхо Мозорова – омӯзгори фанни забони англисии гимназияи №4-и ноҳияи Фирдавсӣ, Парвона Ҷамшед – доктори илмҳои филологӣ, корманди Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия, Саъдуллоҷон Неъматов – доктори илмҳои филологӣ, корманди Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Насиба Нарзуллоева – мураббияи забони русии муассисаи таҳсилоти томактабии №111-и шаҳри Душанбе ва дигарон дар мавриди нашри бештари фарҳангу муҳовараҳо ва китобҳои бадеӣ ба забонҳои русиву англисӣ, нашри китобчаҳои ҳаҷмашон хурд барои хонандагони синфҳои поёнӣ, такмил додани методикаи таълими фанҳои забонҳои русиву англисӣ дар мавриди истифодаи барзиёди қоидаҳои грамматикӣ, ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо волидайни хонандагон, таҳияи китобҳои дарсии насли нав, ҷорӣ намудани имтиҳонҳои хаттиву шифоҳӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва чанде дигар таклифу пешниҳодҳои судманд карданд.
Қайд гардид, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳои муфидро ба инобат гирифта, минбаъд дар рафти таълими забонҳои русӣ ва англисӣ мавриди истифода қарор медиҳад.
Дар охир Раҳим Саидзода иброз дошт, ки назари ҳар кадоме аз Шумо ва кӯшиши ҳар кадоми мо барои муваффақ шудан ба талаботи имрӯзи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва махсусан Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як амри воқеӣ ва саривақтӣ бояд маҳсуб шавад. Дар раванди дарёфти роҳҳои нави таълим ва таъсиррасонӣ ба наврасону ҷавонон вобаста ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва омода намудани кадрҳои баландихтисоси ба талаботи бозори меҳнати ҷаҳони имрӯза ҷавобгӯ ҳамагон бояд масъулият эҳсос намоянд.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикиситон