ВОХӮРИИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО НАМОЯНДАГОНИ БОНКИ ИСЛОМИИ РУШД ...

01-02-2024
1 феврали соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода бо директори минтақавии Бонки Исломии Рушд дар Осиёи Марказӣ Иброҳим Шукрӣ баргузор гардид, ки дар он муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода, муовини вазири маориф ва илм Дилшод Сафарзода, сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори дастгоҳи марказии вазорат ва дигар намояндагони Бонки Исломии Рушд иштирок намуданд.
Нахуст Раҳим Саидзода меҳмононро ба Вазорати маориф ва илм хушомадед гуфта, иброз дошт, ки вохӯрии имрӯза дар рушду тавсеаи ҳамкориҳо миёни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки Исломии Рушд саҳми арзанда хоҳад гузошт. Ҳамзамон, ҳамкориҳо дар доираи татбиқи лоиҳаҳои «Таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳо», «Барномаи саводнокии касбӣ барои паст намудани сатҳи камбизоатӣ (VOLIP)», «Таҳсилоти касбию техникӣ ва омӯзиш дар минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва марҳилаи дуюми лоиҳаи «Дастгирии татбиқи Стратегияи миллии рушди маориф» барои боз ҳам зич намудани ҳамкориҳо ва ба даст овардани натиҷаҳои умедбахш дар соҳаи маориф равона шудааст, ки боиси қаноатмандист.
Сипас, Иброҳим Шукрӣ қайд кард, ки вусъати ҳамкориҳо дар соҳаи маориф ва илм дар оянда ба манфиати ҷонибҳо хоҳад буд.
Гуфта шуд, ки яке аз паҳлуҳои асосии ҳамкории ҷонибҳо лоиҳаи «Таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳо» аз 4 сентябри соли 1999 мавриди амал қарор гирифта, то кунун дар се марҳилаи лоиҳа корҳои зиёде ба анҷом расидааст.
Дар вохӯрии мазкур масъалаҳои зиёде, аз ҷумла, сохтмони муассисаҳои таълимӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самтҳои гуногуни соҳа, ҷалб ва омӯзиши мутахассисони самти илмҳои техникӣ, таъмини базаи моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баргузории семинарҳои омӯзишӣ, баланд бардоштани малакаю маҳорати касбии ҷавонон ва дигар қишрҳои ҷомеа ва омода намудани мутахассисони варзида мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон