ВОХӮРИИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО НАМОЯНДАГОНИ БОНКИ ИСЛОМИИ РУШД

11-05-2023
11 майи соли ҷорӣ дар толори Вазорати маориф ва илм вохуӯрии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо намояндагони Бонки Исломии Рушд баргузор гардид. Дар вохӯрии мазкур Эмре Эсер – роҳбари гурӯҳи кории БИР, Данияр Аблхан – мутахассиси гурӯҳи корӣ, Исмоил Ғаффоров – намояндаи маҳаллӣ ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Зимни ифтитоҳи вохурӣ вазири маориф ва илм қайд намуд, ки Бонки Исломии Рушд аз ҷумлаи шариконе мебошад, ки Вазорати маориф ва илм дар ҳамкорӣ бо он барои бо таҷҳизотҳои муосир муҷаҳҳаз намудани муассисаҳои таълимии кишвар корҳои назаррасро ба анҷом расонидааст.
Ҳамчунин Эмре Эсер иброз намуд, ки аз номи роҳбарияти Бонки Исломии Рушд ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ва бо сифати хуб ба анҷом расидани корҳои муҷаҳҳазгардонии муассисаҳои таълимии Тоҷикистон бо таъҳизотҳои муосир ва лабараторияҳо изҳори хушнудӣ намуда, қайд кард, ки минбаъд низ омодаи идома додани чунин ҳамкориҳост.
Бояд тазаккур дод, ки дар доираи ҳамкориҳо бо Бонки Исломии Рушд сохтмони лабораторияҳо дар дар муссисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии кишвар, ки дар минтақаҳои куҳӣ ҷойгиранд, дар назар аст.


Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон