ВОХӮРИИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО НАМОЯНДАГОНИ БОНКИ ҶАҲОНӢ

07-09-2023
7 сентябри соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода бо намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ Озан Севимли ва Тигран Шмис, ҳамчунин дигар коршиносони ин ташкилот баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ Раҳим Саидзода меҳмононро ба Вазорати маориф ва илм хушомадед гуфта, рушди ҳамкориҳо миёни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳониро натиҷаи заҳматҳои дуҷониба ва боис ба беҳтар гардидани сатҳу сифати таълим ва ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани он донист.
Дар навбати худ Озан Севимли қайд намуд, ки вохӯрии имрӯза низ натиҷаи ҳамкориҳои густурдаи ҳар ду ҷониб буда, мо умедворем, ки ин ҳамкориҳо минбаъд низ вусъат пайдо мекунад.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои зиёде, аз ҷумла, рушди таълиму тарбия, муосиркунонии муассисаҳои таълимӣ, фароҳам овардани имкониятҳо барои арзёбии дастовардҳои хонандагон , муҷаҳҳазгардонии кабинетҳои фаннӣ, омӯзиши фанҳои дақиқ, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо маводҳои методӣ ва дигар масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон