ВОХӮРИИ РАҲИМ САИДЗОДА БО ОСАМА МАККАВИ

01-04-2022
1-уми апрели соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илм вохӯрии вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода бо роҳбари Дафтари ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Осама Маккави баргузор шуд, ки зимни суҳбат ҷонибҳо аз рушди ҳамкориҳои мутақобила изҳори андеша намуданд. 
Зимни суҳбат иттилоъ дода шуд, ки ҳамкориҳо байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар доираи созишномаҳои аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илм баимзорасида ба роҳ монда шудааст. Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон аз соли 1993 инҷониб фаъолият намуда, яке аз шарикони асосии рушди соҳаи маориф ба шумор меравад. 
-Бо дастгирии ЮНИСЕФ Барномаи рушди барвақтии кӯдак, Барномаи “Дастгирии таҳсилоти инклюзивӣ (фарогир)”, Лоиҳаи рушди малака ва маҳорати салоҳиятнокӣ ва Барномаи солимии равонӣ татбиқ шуда истодааст, ки Вазорати маориф ва илм ҷиҳати дастгириҳои пайваста ба роҳбарияти ташкилот изҳори сипос менамояд,-зикр кард вазир.
Осама Маккави - роҳбари Дафтари ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон низ таъкид намуд, ки масъалаи рушди соҳаи маориф ва илми Тоҷикистон аз асоситарин ҳадафҳои Дафтари ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон ва роҳбарияти он ба шумор меравад. 
Зимни суҳбат ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҷиҳати рушду тавсеаи ҳамкориҳои минбаъда тамоми чораҳои судманд андешида мешавад.