ВОХӮРИИ НАМОЯНДАГОНИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ТОҶИКИСТОН БО НАМОЯНДАГОНИ ВАЗОРАТИ МАОРИФИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ

13-04-2022
13- уми апрели соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Вазорати маорифи Федератсияи Россия баргузор гардид, ки дар он Ҷамшед Ҷӯразода - муовини якуми вазири маориф ва илм, Илҳом Камолзода - сардори раёсати муносибатҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илм, Бурулько Игорь Евгеныевич – котиби аввали Сафири Федератсияи Россия дар шаҳри Душанбе, Статура Надежда Сергеевна – сардори раёсати робитаҳои байналмилалии Вазорати маорифи Федератсияи Россия, Идрис Газдиев – муовини сардори раёсати робитаҳои байналмилалии Вазорати маорифи Федератсияи Россия ва Александр Паркин – директори муассисаи таълимии “ИНТЕРДОМ” иштирок намуданд. 
Зимни суҳбат иттилоъ дода шуд, ки Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи ҳамкориҳо дар соҳаи фарҳанг, илму техника, маориф, тандурустӣ, иттилоот, варзиш ва сайёҳӣ 19 сентябри соли 1995, Созишнома дар бораи эътирофи мутақобила баробаркунии ҳуҷҷатҳо барои таҳсилоти миёна (умумӣ), таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва миёнаи касбӣ (махсус) 15 сентябри соли 2004 ва Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи сохтмон ва таъминоти моддию техникии муассисаҳои таълимӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода, ки таълим бо забони русӣ мебошад, аз 17 апрели соли 2019 бо мақсади таҳким ва рушди робитаҳои дуҷониба дар соҳаи маориф ба имзо расидааст.
Статура Надежда Сергеевна – сардори раёсати робитаҳои байналмилалии Вазорати маорифи Федератсияи Россия таъкид дошт, ки дар рафти боздид аз шаҳру ноҳияҳо маълум гардид, ки айни замон корҳои оҳану бетонӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии таҳсилоташон бо забони русӣ дар арафаи анҷомёбист ва корҳо дар сатми сетҳои берунии маҳаллӣ дар ҳудуди қитъаҳои замин дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба роҳ монда шудааст. 
Ёдовар мешавем, ки дар доираи амалигардонии Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода, ки таҳсилашон бо забони русӣ ба роҳ монда мешавад, сохтмони муассисаи таълимӣ барои 1224 ҷойи нишаст дар як баст идома дорад.
ЗАЙНАБ ҲУСЕЙНОВА