ВОХӮРИИ МУОВИНИ ЯКУМИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО ДИРЕКТОРИ МАРКАЗИ ЧИНИИ ИНТИҚОЛИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ

19-09-2023
19 сентябри соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода бо директори Маркази чинии интиқоли технологияҳои Созмони Ҳамкории Шанхай Джао Джулюан баргузор гардид. 
Нахуст Ҷамшед  Ҷӯразода меҳмононро ба Вазорати маориф ва илм хушомадед гуфта, иброз дошт, ки вохӯрии имрӯза дар рушду тавсеаи ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин саҳми арзанда хоҳад гузошт. Ҳамзамон, дар сӣ соли охир бо шарофати талошҳои муштараки роҳбарони Ҷумҳурии Тоҷикистону Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамкориҳо дар соҳаи маориф босуръат рушд карда истодааст. 
Сипас, Джао Джулюан Ли қайд кард, ки вусъати ҳамкориҳо дар соҳаи маориф ва илм дар оянда ба манфиати ҷонибҳо хоҳад буд. 
Дар вохӯрии мазкур масъалаҳои зиёде, аз ҷумла, омӯзиши забони чинӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самтҳои гуногуни соҳа, омӯхтани таҷрибаи пешқадам ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот, бурсияҳи таҳсилӣ барои донишҷӯён, ташкили семинарҳо, конфронсҳо ва симпозиумҳои байналмилалӣ ва курсҳои кӯтоҳмуддати такмили ихтисос барои омӯзгорон ва омода намудани мутахассисони варзида мавриди баррасӣ қарор дода шуд. 
 
Маркази матбуоти
 Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон