ВОХӮРИИ МУОВИНИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО РОҲБАРИ ГУРӮҲИ ИНСТИТУТҲОИ ШТАТИ ПАНҶОБИ ҲИНДУСТОН

15-06-2023
15 июни соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини вазири маориф ва илм Лутфия Абдухолиқзода бо роҳбари гурӯҳи институтҳои штати Панҷоби Ҳиндустон ҷаноби Найн Канг Канвал баргузор гардид.
Сараввал Лутфия Абдухолиқзода аз ташрифи роҳбари гурӯҳи институтҳои штати Панҷоби Ҳиндустон ҷаноби Найн Канг Канвал ба Вазорати маориф ва илм изҳори сипос намуда, иброз кард, ки ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҳиндустон дар соҳаи маориф дар сатҳи хуб қарор дошта, рӯз то рӯз дар ҳоли тақвиятёбист. Аз ин лиҳоз, умедворам, ки вохӯрии имрӯза дар рушди муносибатҳои ҳарду кишвар барои ба даст овардани натиҷаҳои назаррас мусоидат хоҳад намуд.
Дар идома Найн Канг Канвал зикр кард, ки мақсади вохӯрӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ин баррасии масъалаи таъсиси модели нави таълимӣ дар Тоҷикистон аз ҷониби гурӯҳи институтҳои штати Панҷоби Ҳиндустон дар ҳамоҳангӣ бо вазорат мебошад.
Сипас Лутфия Абдухолиқзода қайд кард, ки бо ҳамкориҳои дуҷониба ба муваффақиятҳои назаррас ноил хоҳем гашт.
Дар охир ҷонибҳо ба ҳамдигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон