ВОХӮРИИ МУОВИНИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО КОРШИНОСОНИ ХАЗИНАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ РУШДИ ИҚТИСОД (IFAD)

15-06-2023
15 июни соли равон дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини вазири маориф ва илм Лутфия Абдухолиқзода бо коршиносони Хазинаи байналмилалии рушди иқтисод (IFAD) баргузор гардид.
Нахуст Лутфия Абдухолиқзода меҳмононро ба Вазорати маориф ва илм хушомадед гуфта, аз ҳамкориҳои дуҷониба ва рушду тавсеаи онҳо дар соҳаи маориф изҳори қаноатмандӣ намуд. Муовини вазири маориф ва илм қайд кард, ки ҳамкориҳои Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон  бо Хазинаи байналмилалии рушди иқтисод (IFAD) дар доираи лоиҳаи “Дастгирии ғизои мактабӣ” натиҷаҳои дилхоҳ ба бор овардааст. 
Дар навбати худ меҳмонон қайд намуданд, ки ҳамкориҳои имрӯза дар соҳаи илму маориф натиҷаи фаъолияти босамари ҷонибҳо буда, заминаи асосӣ барои вусъат пайдо кардани равобити дуҷониба дар оянда аст.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
                                                                                                                                                                                       Ҷумҳурии Тоҷикистон