Вохӯрии Муҳаммадюсуф Имомзода бо Такасака Мунео

22-11-2021
22-юми ноябри соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Муҳаммадюсуф Имомзода-вазири маориф ва илм бо Такасака Мунео-роҳбари Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Япония дар Тоҷикистон (JICA) баргузор гардид. 
Нахуст, М.Имомзода-вазири маориф ва илм аз ҳамкориҳои ҷойдоштаи Вазорати маориф ва илм бо Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Япония дар Тоҷикистон (JICA) дар соҳаи маориф ва илм изҳори сипос ва миннатдорӣ намуда, таъкид кард, ки Вазорати маориф ва илм ҳамкориро дар соҳаи маориф ва илм бо Ҷумҳурии Япония дар асоси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Япония оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, техникӣ ва илмӣ ба роҳ мондааст.
Зимни суҳбат иттилоъ дода шуда, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаи маориф ва илм бо Япония диққати махсус дода, ҳавасманди ба сатҳи нав баровардани ин ҳамкориҳо мебошад. 
– Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки дар марҳилаи гузариш давлатҳои рӯ ба тараққӣ ниёз ба ҳамкориҳои судманд бо давлатҳои аз лиҳози иқтисод, технология, маориф ва илм пешрафтаро доранд ва дар ин самт Япония метавонад барои соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи барномаҳо, лоиҳаҳо саҳми арзандаи худро гузорад,-зикр кард вазир. – Муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Япония, аз қабили Донишгоҳи Акитаи Япония, Донишгоҳи Чиба, Донишгоҳи Васеда  ҳамкорӣ дошта, шаҳрвандони Тоҷикистон дар мауассисаҳои таълимии Япония дар зинаҳои гуногун ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ҳамасола шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи бурсияи MEXT-и Ҳукумати Япония ба муассисаҳои таълимии он кишвар фиристода шуда, айни ҳол, дар муасссисаҳои таҳсилоти олии касбии Япония зиёда аз 50 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зинаҳои гуногун таҳсил менамоянд. Айни ҳол дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода ва Донишгоҳи славянии Россия-Тоҷикистон омӯзиши забони ҷопонӣ ба роҳ монда шуда, аз соли 2002 то соли 2021 119 нафар донишҷӯ Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистонро бо ихтисоси тарҷумони забони ҷопонӣ хатм намудааст.
Соли 2019 бо ташаббуси Сафорати Япония дар Душанбе ва маблағгузории ин кишвар дар Тоҷикистон  3 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар шаҳру ноҳияҳои Роғун, Турсунзода ва Файзобод сохта ба истифода дода шудааст.  
Такасака Мунео-роҳбари Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Япония дар Тоҷикистон (JICA) зикр кард, ки аз ҷониби агентии мазкур барномаи омӯзишии “Ҷопоншиносӣ” таҳия шудааст, ки мақсади он паҳн намудани таҷрибаи рушди тараққиёти Япония тавассути омӯзиши роҳбарони ояндаи давлатҳои рӯ ба тараққӣ буда, ташаббускори барнома бевосита Президенти JICA Китаока Шиничи мебошад. Айни ҳол барномаи мазкур бо номи “7 боби азнавсозии Япония” дар 11 кишвари дунё амалӣ шуда, дар назар аст, ки дар 43 давлати дигар, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда шавад.
Дар охир, ҷонибҳо вобаста ба зиёд намудани бурсияҳои таҳсилӣ барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои касбии Япония ва дар факултетҳои забони ҷопонии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба роҳ мондани омӯзиши барномаи “Ҷопоншиносӣ” мубодилаи афкор намуда, таъкид доштанд, ки ҷиҳати вусъат бахшидани ҳамкориҳо тамоми чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Э.ХУШБАХТ