Вохӯрии иштирокчиёни Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» бо олимону зиёиёни кишвар

26-11-2023
Санаи 26.11.2023 дар рўзи сеюми баргузории Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат” дар толори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии иштирокчиёни озмун бо олимону зиёиёни шинохтаи кишвар, аз ҷумла узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих, профессор Пирумшоев Ҳайдаршо; номзади илмҳои таърих, дотсент, корманди Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониш Абдулло Ғафуров; мудири кафедраи таърихи халқи тоҷики ДДҲБСТ, доктори илми таърих, профессор Ҳомидзода Фурқат доир гардид.
    Зимни вохӯрӣ суҳбати самимие дар атрофи таъсисёбии мактаби таърихшиносии тоҷик аз ибтидо то ба имрӯз, гузариш аз донишҳои таърих ва ташаккули таърих ҳамчун соҳаи алоҳидаи илм, саҳми мутафаккирону олимони барҷаста аз қабили Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ ва албатта академик Бобоҷон Ғафуров дар ташаккули мактаби илмии таърихшиносии тоҷик доир гардид.